Бо муҳаббат нигоҳ мекунем
Ба шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз ё курсии мулоим.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Мушоҳида намудани аксуламали фарзандатон ҳамеша шавқовар ва фоидабахш аст. Аввалан шумо бояд ҷойеро интихоб кунед, ки дар он Шумо бозӣ хоҳед кард. Муҳим он аст, ки ягон чиз ё садо дар атроф набошад, то таваҷҷӯҳи фарзанди Шуморо парешон кунад.
Фарзанди худро ба ҷойи мулоим ё дар курсии кӯдакона гузоред. Ба ӯ бодиққат нигоҳ кунед, то ӯ низ ба Шумо таваҷҷӯҳ кунад. Хуб, биё бозӣ мекунем? Қиёфаи руятонро тағйир дода, табассум кунед ва ягон овоз бароред. Аз пайи аксуламали фарзандатон пайгирӣ намоед – эҳтимол ӯ низ дар ҷавоб ба Шумо табассум мекунад. Ба пешонӣ ё рухсораи фарзандатон нарм бӯсидан ҳеҷ гоҳ зиёдатӣ нахоҳад шуд, бигзор тифл бидонад, ки ин як лаҳзаи муҳаббат ва меҳрубонӣ аст.
Қиёфа ва имову ишораҳои гуногунро санҷед, аммо эҳтиёт шавед, ки ӯро натарсонед ва нороҳат накунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин фаъолияти шавқовар ба Шумо кӯмак мекунад, ки бо кӯдаки худ беҳтар муошират кунед, зеро он нейронҳоеро, ки дар мағзи сар пайвастагиҳоеро, ки барои рушди забон масъуланд, фаъол мегардонад. Муошират дар фазои ором ва муҳаббат инчунин ба рушди дилбастагии қавитари эмотсионалӣ ва малакаҳои ҳамкории иҷтимоӣ мусоидат мекунад.