Боулинг бо зарфҳо

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Зарфҳои пластикӣ, бӯр ва тӯби мулоим.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Барои оғоз кардани бозӣ омода бошед:

  1. Дар майдони бозӣ шишаҳои пластикиро бо тартиби муайян дар масофаи тақрибан 5 метр дуртар аз ҳамдигар ҷойгир кунед.
  2. Бо бӯр дар атрофи ҳар як шиша як доираи калон кашед.
  3. Барандаеро интихоб кунед, ки аввалин шуда «шишаҳоро мезанад». Бозингарони боқимонда ҳимоятгар мешаванд - ҳама бояд барои худ як доира интихоб кунанд. Ҳимоятгарон бо як пой дар доира истода, бо пои дигар ба тӯб мезананд, то он ба шишаашон барнахӯрад.
  4. Касе, ки шишаҳоро нишон гирифта мезанад, тақрибан 2-3 метр дуртар аз доира истода, тӯбро ба замин мепартояд. Сипас, ӯ бо пояш ба тӯб зарба зада, кушиш мекунад, ки тӯбро ба шиша занад. Агар ӯ ба ин амал муваффақ шавад, баранда ҷои худро бо бозингари мазкур иваз мекунад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозии хеле заҳматталаб буда, гӯё омехтаи боулинг ва футбол аст. Ба кӯдакон муҳокима кардани ҷойгир намудани шиша ва пеш аз тӯбро задан кашидани доираҳо бо бӯр маъқул аст. Бозии мазкур як машғулияти беҳтарин барои рушди малакаҳои асосӣ, яъне малакаҳои маърифативу иҷтимоӣ ва ҳаракатӣ буда ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки ҳангоми гузаштан ба бозии  даставӣ нисбати худ эътимод пайдо кунанд.