Бозӣ бо кӯрпача
Маводҳои зарурӣ: Кӯрпаи мулоим, курсии хӯрокхурӣ
Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Пеш аз оне, ки машғулиятро оғоз намоед, кӯдакро ба курсӣ курсии хӯрокхурӣ шинонед ва назди ӯ биншинед. Саратонро бо кӯрпа пӯшонед. Вақте, ки кӯрпаро аз сар мегиред, ба кӯдак “ку-ку”гӯед. Ин бозӣ Шуморо ва фарзанди Шуморо механонад, чӣ қадаре, ки бештар бозӣ кунед, ҳамон қадар шавқовартар хоҳад буд. Ҳоло кӯшиш кунед, ки сари кӯдакро бо кӯрпа пӯшонед ва онро кашед, то чераи ӯро бинед. Шумо метавонед, сари кӯдакро бо кӯрпа пӯшонед ва ба кӯдак имкон диҳед, ки тарзи аз сараш кашиданро мустақилона омӯзад. Ҳар вақте, ки кӯрпаро кашида мегиред,“ку-ку”гуфтанро фаромӯш накунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Идроки визуалӣ ва фикронии танқидии фарзандатонро тақвият диҳед, то ин ки кӯдак рӯйи худро шиносад ва аз пайи бозӣ назорат барад. Муҳимтар аз ҳама, кӯдак ба он одат мекунад, ки чеҳраи Шумо тадриҷан пайдо мешавад ва гум мешавад.