Бозӣ бо оина
Ба Шумо чӣ лозим мешавад:
- Оина
- Лавозимот: кулоҳҳо, матоъҳо, тасмачаҳо, лӯхтакҳо ва ғ.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Оинаро ба назди девор гузоред ва боварӣ ҳосил кунед, ки он устувор истодааст. Шумо метавонед кӯдакро дар назди оина ба кӯрпаи мулоим гузоред ё дар назди оина ба зонуи худ шинонед.
Ба кӯдаки Шумо хеле шавқовар ва аҷиб хоҳад буд, ки ба инъикоси худ дар оина нигоҳ кунад. Пас аз чанде ӯ худро дар оина шинохтанро ёд мегирад – ин махсусан ӯро шод хоҳад кард.
Шумо метавонед ба кӯдак кӯмак кунед, ки дастҳояшро ҳаракат диҳад, имову ишораҳои гуногун кунад ё сарашро дар назди оина гардонад. Худро дар оина нишон диҳед, то ӯ шуморо низ бинад.
Бо гузашти вақт, Шумо метавонед ба ин бозӣ лавозмотҳоро илова кунед: ба сари кӯдаки худ кулоҳҳои гуногунро пӯшонед, рӯймолҳоро бандед ё танҳо ба ӯ бозичае диҳед, ки дар назди оина бозӣ кунад.
Дар охири бозӣ, Шумо метавонед номи ҳамаи узвҳои бадани кӯдакро дар оина нишон дода номбар кунед.
Ҳафтае чанд маротиба бо кӯдакатон дар назди оина бозӣ кунед, то ӯ худро хубтар шиносад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозӣ ба фарзанди Шумо дар ташаккули худшиносӣ ва шаъну эътибори худ кӯмак мекунад ва инчунин ба ӯ кӯмак мекунад, ки номи узвҳои баданашро дар хотир нигоҳ дорад. Он инчунин ба ӯ таълим медиҳад, ки худро эътироф кунад ва ба ӯ дар бораи он чизе, ки дар атрофаш аст, фаҳмиши бештар диҳад.