Бозӣ дар вақти оббозӣ

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Бозичаҳо барои ҳаммом ё якчанд истаконҳову табақчаҳои пластикӣ 

Бозӣ дар бораи чӣ аст: Вақти оббозиро барои ангезиш додани тафаккур ва инкишофи ақлонӣ истифода баред. Якчанд истаконҳои пластикӣ гирифта ба кӯдакатон фаҳмонед, ки чӣ гуна дар дохили об онҳоро истифода бурдан мумкин аст. Истаконҳоро бо об пур кунед ва вақте ки он пур шуд, ба кӯдак нишон диҳед, ки онҳо дар об ғарқ мешавад. Истаконро бардошта нишон диҳед, ки ҳангоми яктарафа кардан об чӣ гуна аз дохили он мерезад.

Ҳангоме, ки Шумо ин корро мекунед, ҳатман шарҳ диҳед, ки чӣ рӯй дода истодааст: «Нигоҳ кун! Ғарқ мешавад! Зери об рафт!" Бо кӯмаки Шумо вақти оббозӣ як имконияти муҳими омӯзишӣ хоҳад буд, на танҳо лаззати зиёд. Ба фарзандатон ҳаракатҳои гуногун нишон диҳед ва вақте мебинед, ки ӯ кӯшиши ба анҷом расондани ягон чизи нав мекунад, ӯро таъриф кунед. Вақти оббозӣ, инчунин ба кӯдаки Шумо дар баён кардани эҳсосоти гуногун, дар мавриди дарк кардани ба охиррасии оббозӣ, аз қабили ҳаяҷон, кунҷковӣ ё андӯҳ имкон медиҳад. Дар мавриди ифодаи ҳама гуна эҳсосот, ба қобилияти нави кӯдаки худ диққат диҳед ва хурсандӣ намоед.

Бозиҳои гуногунро бо истифода аз маводҳои барангезандаи рушди кӯдак, ҳангоми оббозӣ ё дар давоми рӯз бо қум ё биринҷи хушк ташкил кардан мумкин аст. Муҳимтараш, боварӣ ҳосил кунед, ки кӯдакатон ҳама чизро дар даҳони худ накунад.

Фарзанди Шумо  чиро меомӯзад: Бо ёрии ин бозӣ кӯдаки Шумо тадриҷан алоқаманд будани ашёҳо ва равандҳоро омӯхта, фаҳмиш ва мантиқро такмил медиҳад. Ин бозӣ инчунин ба инкишофи малакаҳои мотории кӯдаки Шумо мусоидат мекунад.