Бозӣ ҳангоми оббозӣ

Ба шумо чӣ лозим мешавад: Бозичаҳо барои ванна ё якчанд истакон ё табақҳои пластикӣ.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Азбаски ҳар як бозӣ ин як имкони инкишофёбӣ мебошад, вақти оббозиро барои фикр намудан истифода баред. Якчанд истакони пластикиро гиреду сабаб ва оқибатро якҷоя таҳқиқ кунед: вақте, ки истакон аз об пур аст – он ғарқ мешавад, ҳангоми бо даст истаконро тела медиҳем - вай шино намуда ғарқ мешавад, вақте ки мо истаконро баланд нигоҳ медорем мерезем ва ғайра. Вақте, ки фарзандатон дар ванна нишастааст, вобаста ба рағбаташ (ба намунаи ӯ пайравӣ кунед) ин ашёҳо ва ё он чизҳои ба он монандро нишон диҳед. Вақте, ки Шумо ин амалҳоро иҷро мекунед, он чизеро, ки руй дода истодааст, тасвир намоед. (Оҳ, ба пиёла нигоҳ кунед; он зери об мешавад. Нигоҳ кун! "). Намудҳои гуногуни ҳаракатро ҳавасманд намоед  ва ҳар дафъае, ки Шумо мебинед, фарзандатон бо ягон чизи нав озмоиш гузаронда истодааст, бо табассум ва таъриф кардан барои иҷро он ӯро ташвиқ кунед. Он инчунин ба рушди малакаҳои моторикии фарзанди Шумо кӯмак мекунад. Вақти оббозкунӣ ҳамзамон ба фарзандатон имкон медиҳад, ки эҳсосоти гуногунро баён кунад - ҳаяҷон, кунҷковӣ, шояд нороҳатӣ, чунки  қабули ванна ба итмом расида истодааст,  каме тарс, агар об хеле хунук ба назар расад ва ғайра. Ба афзудани қобилияти фарзандатон дар баён намудани ҳиссиёти гуногун аҳамият диҳед ва аз он лаззат баред. .

Оббозӣ ҳамеша барои ин намуди фаъолият беҳтарин аст, аммо ба ҳамин монанд, Шумо метавонед таҳқиқоти фарзанди худро бо маводи гуногун дастгирӣ кунед, ба монанди қум, шағал, шояд биринҷи хушк ё ягон маводи дигар. Бехатариро дар хотир нигоҳ доред; чӣ тавре ки Шумо медонед, кӯдакон ба даҳони худ гузоштани ашёҳоро дӯст медоранд.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Барои кӯдак ин дунё то ҳол макони номаълум мемонад ва дар ин машғулият ӯ оҳиста - оҳиста мефаҳмад, чи тавр ҳама чиз бо ҳам алоқаманд аст ва фаҳмишу мантиқи ӯ инкишоф меёбад. Бо кӯмаки Шумо, оббозӣ ба ӯ имкониятҳои зиёди фаҳмидани онеро медиҳад, ки чӣ тавр ҳама чиз ташкил шудааст ва чӣ тавр бояд лаззати зиёд гирифт.