Бозича дар куҷост?

Маводҳои зарурӣ: Се қуттии картонӣ бо сарпӯш; Як бозичаи хурд.

Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Барои оғози ин фаъолият, маводи истифодамешударо омода кунед. Кӯдаки худро ба курсӣ ё сатҳи ҳамвори бароҳат шинонед.

Дар назди ӯ се қутии картонии бесарпӯшро гузоред ва дар якеи аз онҳо бозичаро монед. Баъд қутиро пӯшед ва аз ӯ пурсед: “бозича дар куҷост?”

Шумо қуттиҳоро яке паси дигар мекушоед ва вақте, ки қутичаи бозичадорро мекушоед, бо тааҷуб мегӯед: “Ана вай дар куҷост!”. Акнун навбати фарзанди Шумо, амалро такрор кунед ва ба кӯдак имкон диҳед, ки қутичаҳоро кушояд. Вақте, ки Шумо бори дуюм бозӣ мекунед, метавонед саволро тағйир диҳеду гӯед: “Акнун қуттичаи бозичадорро кушо”.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулияят барои барангехтани тафаккури мантиқӣ, диққат ва хотираи кӯдаки Шумо хеле муфид аст. Инчунин фарзанди Шумо изҳори норозигӣ ё хурсандӣ баён карданро оғоз мекунад.