Бозича месозем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ручка, қоғаз ва хаткашак.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Аз кӯдак хоҳиш кунед, ки дар бораи бозичаҳое, ки аз ҳама бештар бо он бозӣ кардан мехоҳанд, фикр кунанд. Бигзор кӯдак бозичаи орзуҳои худро дар қоғаз тасвир намоянд.
Хусусиятҳои асосии бозичаро тавсиф кунед: оё он бо қувваи барқ кор мекунад ё механикӣ аст? Оё бозича дорои тугмаҳо ё фишангҳо аст, ки онро пахш кардан, ҳаракат додан ё тоб хӯронидан лозим меояд? Мухтасар ҳаракатҳои бозичаро тавсиф карда, фикр кунед ва чӣ гуна кор кардану дорои чӣ гуна хусусиятҳои ҷолиб будани онро қайд намоед. Акнун вақти он расидааст, ки ҳама чизро ранг кунед!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият барои кӯдакони эҷодкоре, ки мехоҳанд бозичаи орзуҳои худро эҷод кунанд, мувофиқ мебошад! Бо консепсияи тарроҳӣ ва муҳандисӣ шинос шуда, баъзе кӯдакон ба намуди бозичаашон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва баъзеи дигар дар навбати аввал ба вазифаҳои техникӣ ва механикии бозича диққати махсус зоҳир менамоянд. Ин олист!