"Бозича нест!"
Ба Шумо чиҳо лозим мешавад: Бозичаҳои мулоими гуногунранг, қуттӣ, кӯрпа, дастпоккун ё порчаи матоъ.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ба кӯдаки худ кӯмак кунед, ки ҷаҳонро ба таври шавқовар ва тавассути бозӣ кашф кунад.
Пеш аз ҳама, барои бозӣ ҷой ва ҳама чизи лозимаро омода кунед. Бозичаҳои мулоими гуногунрангро гирифта, ба қуттӣ гузоред, то кӯдак онҳоро набинад.
Фарзандатонро дар курсӣ шинонед ё дар назди худ хобонед. Акнун чизи шавқовар сар мешавад! Бозичаро аз қуттӣ берун кунед ва ба кӯдакатон нишон диҳед. Онро ба рӯи худ наздик нигоҳ доред ва бо кӯдакатон гап занед, то диққати ӯро ҷалб кунед. Ба бозича якҷоя нигариста, онро бо дастпоккун ё кӯрпа пӯшонед ва гӯед: "Нест!"
Якчанд сония сабр кунед, рӯйпӯшро бардошта, бо оҳанги шодмонӣ эълон кунед: "Ана, вай ҳаст!" Бозиро бо боқимондаи бозичаҳо такрор кунед.
Агар бозича набошад, Шумо метавонед рӯи худро бо дастҳои худ пӯшонед: "Ку-ку!". Шумо метавонед диққати кӯдакро бо гапзанӣ ё суруд хондан ба ӯ ҷалб кунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозии шавқовар ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки воқеаҳои гуногунро интизор шавад ва дарк кунад, ки ҳозир чӣ рӯй медиҳад. Ин қобилиятҳои равонӣ ва маърифатӣ, инчунин тасаввуротро дар бораи табиати ашё ҳавасманд мекунад. Бо ёрии ин бозӣ, фарзанди Шумо омӯхтани атрофро ёд мегирад.