Бозичаи дӯстдоштаи ман
Маводҳои зарурӣ: Бозичаи дӯстдоштаи кӯдак.
Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Пеш аз оғози фаъолият, ҳатман ҷойеро, ки Шумо ва фарзандатон бозӣ мекунед, омода намоед. Шумо метавонед ӯро дар назди худ дар кат, гилемча, курсӣ ё кӯрпаи мулоим шинонед.
Бозиро бо фарзандатон ва бозичаи дӯстдоштааш оғоз намоед, ба ӯ нишон диҳед, ба ӯ имкон диҳед, ки онро идора намояд, баъдан онро ба назди бозичаҳои дигар гузоред. Ӯро водор созед, ки бозичаи дӯстдоштаашро бо пурсидани он пайдо кунад, масалан, аробача дар куҷост?
Агар шумо дидед, ки ӯ ба бозичаи дигар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, интихоби фарзандатонро эҳтиром карда, машғулиятро бо ин бозича иҷро намоед.
Шумо инчунин метавонед қуттиро истифода баред ва бозичаҳоро ба он ҷо намоед, то ин ки фарзандатон бозичаи дӯстдоштаашро ёфта тавонад
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ин машғулият Шумо ба фарзандатон кӯмак менамоед, ки ашёи дӯстдоштаашро муайян намояд ва ҳиссиёти мансубиятро ба бозичаҳояш инкишоф диҳад.