Бозичаҳои бехатар

Волидайн ва парасторон бояд бехатарии бозии кӯдаконро таъмин кунанд. Бозичаҳо ва ашёҳои фароғатӣ ва дамгириро мувофиқи синну сол ва малакаҳои ҳаракатии кӯдак интихоб кунед, ба кӯдак тарзи истифодаи бехатари онҳоро ёд диҳед ва дар вақти бозӣ ҳамеша кӯдакони хурдсолро назорат кунед.
Body
  • Бозичаҳо бояд ба синну соли кӯдак мувофиқ бошанд. Ба андозаи бозича диққат диҳед – бозичаҳоеро интихоб кунед, ки ба синну сол ва қобилиятҳои психомотории кӯдак мувофиқ бошанд. Ҳама огоҳиҳо, дастурҳои бехатарӣ ва дастурҳои истеҳсолкунандаро бодиққат хонед.
  • Нагузоред, ки тифлон ва кӯдакони хурсол бо бозичаҳое, ки онҳо фурӯ бурда метавонанд, бозӣ кунанд. Бозичаҳои калон ва ашёҳо барои бозиҳо дар ҳавои кушод (аробачаҳо, велосипед ва ғайра) бояд таҳти назорати доимии калонсолон истифода шаванд.
  • Боварӣ ҳосил кунед, ки бозичаҳо яклухт бошанд ва барои кӯдакони хурдсол бозичаҳои кунҷҳои тез доштаро нахаред. Мунтазам тафтиш кунед, ки бозичаҳои кӯдакони калонтар қисмҳои шикаста ё кунҷҳои тез надоранд, ки метавонанд ба кӯдак зарар расонанд. Бозичаҳои шикастаро фавран таъмир кунед ё партоед.
  • Ба заҳрнокӣ аҳамият диҳед – бозичаҳо ва лавозимоти расмкашӣ (фломастер, рангҳо, бӯрҳо ва ғ.) метавонанд ба саломатии кӯдак зараровар бошанд – кӯшиш кунед чизҳоеро харед, ки тамғаи заҳрнок набудани онҳоро доранд.
  • Бозичаҳо бояд мунтазам шуста шаванд, зеро тифлон ва кӯдакони хурдсол қариб ҳама чизеро, ки ба дасташон меояд ё ба лабонашон мерасад, ба даҳони худ мегузоранд. Бозичаҳои мулоимро мунтазам шӯед, зеро дар онҳо чанг ҷамъ мешавад. Ҳама бозичаҳо ва ашёҳоро барои бозӣ дар ҳавои кушод (тӯбҳо, аробачаҳо, велосипедҳо ва ғайра) мунтазам тоза кунед.

Бозичаҳоро дар ҷои бехатар нигоҳ доред:

  • Ҳама бозичаҳо, махсусан бозичаҳои мулоимро, аз манбаъҳои кушоди гармӣ дур нигоҳ доред.
  • Бозичаҳои кӯдакони калонтар ва хурдсолро алоҳида нигоҳ доред.
  • Ҳама бозичаҳои қисмҳои хурд доштаро (конструктор, муаммо ва ғ.) аз дастрасии кӯдаки хурдсол дур нигоҳ доред, то ки ӯ онҳоро набинад.
  • Бозичаҳоро дар ҷойҳое нигоҳ надоред, ки кӯдак барои гирифтани онҳо афтода метавонад, масалан, дар рафҳои баланд.
  • Бозичаҳоро дар қуттиҳои бе сарпӯш ё дар қуттиҳои дорои сарпӯшҳои сабук нигоҳ доред, ки ҳангоми афтодани онҳо ба кӯдак осеб нарасад.