Бозии хайркунӣ

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ҳикояте, ки Шумо нақл хоҳед кард (аз китоб ва ё вонамудӣ буда), инчунин лӯхтакҳо, ҷонварон ва ё ашёи дигар барои ба намоиш гузоштани ҳикоя.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол, фарзанди Шумо метавонад норозӣ баён намояд, вақте ки Шумо меравед ва ӯро бо каси диагр муддате мегузоред (масалан, бо бибӣ, бобояш ё дояе, ё дар кӯдакистон). Якчанд роҳҳо ва усулҳое ором кардани фарзанди Шумо мавҷуданд, ки яке аз онҳо нақл кардани ҳикоя ё нишон додани саҳнача мебощад. Масалан, Шумо метавонед дар бораи як духтар ё писарчае, ки модари ӯ ба мағоза барои харид меравад, ҳикояе пешкаш кунед. Ҳамсоя боқӣ мемонад, то кӯдакро нигоҳубин кунад. Дар қисса Шумо гуфта метавонед, ки тифл нороҳат аст, аммо дар айни замон вай даст ба сӯи модар хайрухуш карда, дар оғӯши ҳамсоя нишаста, сипас муддате бозӣ мекунад ва бо хушҳолӣ ҳангоми бозгашт модарро пешвоз мегирад.

Чизе ба ин монанд бо лӯхтакҳо ё бозичаҳои дигар низ бозӣ кардан мумкин аст. Шумо метавонед аз фарзандатон хоҳиш кунед, ки тахмин кунад: «Чӣ гуна мумкин аст як духтарчаро хушҳол кард? Оё касе метавонад ба вай кумак кунад?".

Албатта, Шумо метавонед ба фарзандатон кӯмак кунед, то ки нисбати ҷудогии муваққатӣ оромтар  эҳсос кунад. Вақте ки Шумо ба ягон вақте меравед, ба кӯдак вақти баргаштани худро ҳатман гӯед, ба ӯ бигӯед, ки дар набудани Шумо кӣ ва чӣ гуна ӯро нигоҳубин мекунад ва ба ӯ якчанд роҳ ва усулеро пешниҳод кунед, ки то омадани Шумо ӯ чӣ кор карда метавонад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ҳамаи ин машқҳо ба фарзанди Шумо кӯмак мекунанд, ки оромтар шаванд ва идоракунии эҳсосоти худро ёд гирад. Фарзанди Шумо мубориза бурдан бо ҳолатҳои ташвишовар меомӯзад. Вай инчунин дар бораи фикр намудани оянда ва ба нақша гирифтанро меомӯзад.