Бозии "Ҳайвонотро ёбед"

Маводҳои зарурӣЛозим нест

Бозӣ дар бораи чӣ аст: Касе бозиро оғоз мекунад ва мегӯяд: "Ман як ҳайвонеро тасаввур кардам, ки бо ҳарфи зерин сар мешавад ...". Сипас бозингарони дигар, бо навбат саволҳо медиҳанд, то ҳайвонро  тахмин карда ёбанд. Онҳо метавонанд ҳар гуна саволе диҳанд, аммо ҷавоб танҳо "ҳа" ё "не" буда метавонад. Масалан, оё он чор пой дорад? Ӯ дум дорад? Ин ширхӯр аст? Он метавонад парвоз кунад? Ҳамин, ки касе ҳайвонро тахмин кард, бозингарон нақшҳоро иваз мекунанд. Агар Шумо мехоҳед вазифаи бозиро душвортар кунед, пас нагӯед, ки номи ҳайвон бо кадом ҳарф сар мешавад!

Барои боз ҳам мушкилтар кардани бози, Шумо инчунин метавонед ҳайвонҳои пеш аз таърихро тасаввур созед!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Кӯдаконе, ки дар бораи ҳайвонҳо шавқу таваҷҷӯҳи зиёд доранд, хурсандона дониш ва тахминҳои худро нишон медиҳанд. Дар ин ҳолат, кӯдакон зирак буданро меомӯзанд, то ки фаҳманд, ки чӣ гуна ҳайвони пурасрор пинҳон шудаст. Он малакаҳои тафаккури интиқодиро инкишоф медиҳад ва доираи назарро васеъ мекунад!