Бозии ҳиссиётӣ барои кӯдакон

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Матоъҳои ранга, бозичаҳои мулоим, ҳайкалчаҳо, тӯбҳои ранга, фолга, бозичаҳо бо фурӯзонак.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ин як амали оддӣ аст, ки қадамҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Бозичаҳои дорои рангу нақшҳои гуногунро дар рўи гилем ё курпаи нарм гузоред.
  2. Кӯдакро дар байни бозичаҳо, дар рӯи гилем гузоред ва бинед, ки ӯ чи гуна ба самти ашёҳои мухталифи ҷолиб ҳаракат мекунад. Кӯдакони хурдсолро ташвиқ кунед, ки ба самти он чизҳое, ки таваҷҷӯҳ доранд, тоб хӯранд - ба онҳо бозичаи дӯстдоштаашонро нишон диҳед, шодӣ ва ҳаловат бурданро тасвир кунед.
  3. Ба бозичаҳои гуногун ишора карда гӯед, ки онҳо чӣ гуна шакл ва ранг доранд. Ба фарзандатон бозичаҳои дурахшанда нишон диҳед, то ки ӯ оромона онҳоро тамошо кунад.
  4. Тавре амал кунед, ки кӯдак ба ашёҳои гуногун расида тавонад ва онҳоро ба даст гирад. Матоъҳои гуногунро дар паҳлӯи кӯдак ҷойгир кунед, онҳоро бо нармӣ аз болои дастҳо ё рӯйи кӯдак гузаронед, то ӯ таъсири маводҳои гуногунро эҳсос кунад.
  5. Садобозӣ кунед, бозичаҳоро ба ҳамдигар ҷанг андозед ва фарзандатонро ташвиқ кунед, ки ба Шумо пайравӣ кунад. Кӯшиш кунед, ки бо задани бозичаҳои дорои вазну зичии гуногун ба ҳамдигар садоҳои гуногун ҳосил кунед. Порчаҳои гуногуни фолгаро ба якдигараш соиш дода садоҳои гуногун бароред.
  6. Бозичаҳоро ҷунбонед, зарба занед, қат кунед ва ламс кунед, то кӯдакатон низ роҳҳои гуногуни таъсир расонидан бо онҳоро санҷанд. Ба кӯдакатон хурсандӣ изҳор намуда дар мавриди иҷрои ягон амал ӯро таъриф кунед – ин роҳи олии ба худ бовар кардани ӯ мебошад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бозиҳои ҳиссиётиро дарҳол пас аз таваллуд ба кӯдак истифода бурдан мумкин аст. Ҳатто дар дохили батн тифл, аллакай садоҳоро шунида ба онҳо вокуниш нишон медиҳанд ва ҳатто тамъи хӯрокро фарқ карда метавонанд. Инкишофи ҳиссиёт дар давоми соли аввали ҳаёти кӯдак ҳам барои мусоидат намудан ба инкишофу омӯзиши фаъолона ва ҳам ташкил намудани робитаи байни волидону кӯдак муҳим аст.