Бозии кортӣ «Фил»

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Дастаи кортҳо   

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Кӯдакон дар гирди миз ё рӯи фарш ба давра мешинанд. Мувофиқи шумораи бозингарон чаҳортогӣ корти якхела гиред ва онҳоро омехта кунед. Сипас ба ҳар як бозингар чор кортӣ тақсим кунед.

Мақсади бозӣ - ҷамъ овардани чор корти якхела аст ва фавран ангушти худро ба бинии худ гузоштан!

Пеш аз оғози бозӣ, кӯдакон бояд ба кортҳои худ нигоҳ кунанд ва онҳоро тавре ки мехоҳанд, ҷойгир кунанд. Бигузор фикр кунанд, ки кадом «чортоги»-ро чамъ карданӣ ҳастанд. Барои оғози бозӣ, ҳар як бозингар кортеро, ки ба ӯ лозим нест, рӯ ба поён мегузорад ва онро ба бозингари дар тарафи чапи худ ҷойгиршуда тела медиҳад. Ҳамаи бозингарон дар як вақт корти гузашташударо пеш аз гузоштан ва додани корти навбатӣ мегиранд.

Бигзор онҳо кӯшиш кунанд, ки кортҳоро ҳарчи зудтар гузаронанд - ин боиси хурсандии зиёд мегардад. Ҳамчун вариант, Шумо метавонед ритми "Мебинем - Мегузаронем - Мегирем - Мебинем - Мегузаронем - Мегирем - Мебинем - Мегузаронем – Мегирем"-ро муқаррар намоед.

Ҳамин ки бозингар чаҳор корти якхеларо ҷамъ карда тавонист, вай зуд ва ноаён ангушти худро ба бинии худ мегузорад. Бозингарони боқимонда бояд ҳамон вақте ки инро пайхас карданд, низ ҳамин тавр кунанд. Бозингаре, ки охирон ин корро дида монд, аз бозӣ берун мешавад ва бозингарони боқимонда даври дигарро оғоз мекунанд.

Бозӣ вақте ба охир мерасад, ки танҳо ду бозингар боқӣ мемонанд - онҳо ғолибони муштарак мешаванд!

Агар бозингарон зиёд набошанд, Шумо метавонед бозингарро фавран аз бозӣ хориҷ накунед, балки ба ҳар яке бозингаре, ки ба бинии худ аз ҳама дер ангушт зад, як ҳарф дар як давр - аввал ҳарфи "Ф", пас "И", баъд "Л" диҳед. Бозӣ вақте ба охир мерасад, ки ягон кас ҳама ҳарфҳоро ҷамъ мекунад ва ба "фил" табдил меёбад!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозии кортии серҳаракат барои рушди ҳамоҳангсозии чашм-даст ва малакаҳои диққатҷалбкунӣ мувофиқ аст. Он инчунин манбаи ҳузуру ҳаловати бисёр ва хурсандӣ барои кӯдакони ҳамаи синну сол мебошад!