Бозии рустшавакон

Маводҳои зарурӣ: Бозичаҳои хурди мулоим, қутии катонӣ.

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Пеш аз оне, ки бозиро оғоз намоед, боварӣ ҳосил намоед, ки ҷойро омода намудед. Шумо метавонед фарзандатонро дар курсӣ назди худ гузошта муҳити бароҳатро омода кунед.

Дар аввал бозичаҳоро дар пеши кӯдак гузоред, то ин ки ӯ тавонад ба онҳо дасташро расонад ва бо онҳо шинос шавад, дар назди ӯ қуттиро гузошта бозичаҳоро дар он пинҳон намоед, боварӣ ҳосил намоед, ки фарзанди Шумо нигоҳ карда истодааст.

Вақте, ки Шумо пинҳон кардани бозичаҳоро ба итмом мерасонед, аз фарзандатон пурсед, ки “бозичаҳо дар куҷоянд?”, “Дар бораи бозичаҳо чӣ гуфтан мумкин аст?” Ба ӯ нишон диҳед, ки онҳо дар қуттӣ ҳастанд, ӯро ташвиқ кунед, ки бозичаҳоро ҷустуҷӯ кунад ва ба даст гирад.

Ҳар дафъае, ки кӯдак бозичаҳоро нишон медиҳад, ӯро таъриф намоед, то ин ки ҳавасманд шавад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо кӯмаки ин фаъолият (дарёфти ашёҳо, расидан ва нигоҳ доштан дар даст), Шумо ба фарзандатон барои коркарди малакаи мушоҳида намудан ва хотираи биноишӣ кӯмак менамоед.