Бозиҳо бо оина: "Ман ягона ҳастам"
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Оинаи калони деворӣ ё оиначаи майдачаи намешикаста (ба сифати бозича).
Машғулият аз чӣ иборат аст: Ба кӯдак имкон диҳед, ки худро дар оина бинад. Оинаи намешикастаро дар наздикии кати хоби кӯдак ё мизи уребчаивазкунӣ гузоред, то ин ки кӯдак худро дар он дида тавонад. Суҳбатро оғоз намоед ва оинаро расед, то ин ки кӯдак ба он нигоҳ кунад. Гӯед: “ба ин нигоҳ кун, ин (номи фарзандатон)”. Баъд аз чанд муддат кӯдак мефаҳмад, ки ин тасвири ӯ аст. Ба кӯдак имкон диҳед, ки оинаро занад ва бо ангушти ишоратӣ ба худ нишон диҳад.
Бо ҳамроҳи кӯдак ба оина нигоҳ кунед – табассум кунед ва ба оина дастафшонӣ намоед. Табассум кунед ва қиёфаи хандаоварро ба оина нигоҳ карда якҷоя иҷро намоед. Бо ёрии лабсурхкунак ё бӯр он ҷоеро, ки фарзандатон дар оинаи калон инъикос меёбад, ишора намоед ва ӯро моил намоед, то бо ангушт ба он расаду оинаро чиркин намояд, то ин ки тағйиротро таҳқиқ ва дарк намояд.
Аз пайи ҳамаи он чизе, ки фарзанди Шумо иҷро мекунад бо ёрии шарҳҳо, овозҳои мусбӣ ва таскинбахшанда пайгирӣ намоед. Бо кӯдак дар бораи оне, ки ӯ чӣ корро ба анҷом расонда истодааст, чӣ ҳодиса рух дода истодааст, дар оина кӣ инъикос меёбад сӯҳбат намоед, номи ӯро такрор кунед ва ба рӯйи кӯдак дар оина ишора намоед. Ҳамаи ин амалро бо инъикоси худ дар оина такрор намоед. Ба худ ишора намоед, ном гиред – ин модар аст, ин ... (номи кӯдакро такрор намоед). Вақте, ки фарзанди Шумо калонтар мешавад, Шумо мебинед, ки ӯ номи худро мешиносад. Ин амалро зуд-зуд истифода намоед.
Дар назди оина Шумо инчунин метавонед бо кӯдак бозии рустшавакон бозӣ намоед ё ин ки “канӣ (номи кӯдак)?”. Ӯ ҳамеша ҳангоми худро дубора дидан ё ин ки Шуморо аз паси рӯймоле, ки Шумо онро мекашед, дидан хушҳол мешавад.
Вақте, ки кӯдак ғелак мезанад ва бо шикам гавак мекашад, бозии “Биё маро расон кун” бозӣ намоед. Ба кӯдак имкон диҳед, ки каме ҳаракат намояд, Шумо бошед, вақте, ки ӯро пайгирӣ ва расон менамоед, ба оғӯш гиред.
Шумо метавонед ин машғулиятро дар ҳамаи ҳолатҳо вақте, ки дар назди Шумо оинаи калони зебо аст, истифода намоед, ин бозиро Шумо метавонед инчунин дар фарш, дар рахти хоб, рахти калони хоб,инчунин вақте, ки Шумо дар утоқи табиб интизоред ва дар дигар ҳолатҳо истифода намоед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозиҳо ба кӯдакон бениҳоят шавқовар ҳастанд дар баробари ин барои ташаккулёбии тасвири худ ва ҷой дар муҳити атроф мусоидат менамоянд.