Бозиҳое, ки малакаи роҳгардиро инкишоф медиҳанд
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Бозичаҳо, қуттиҳои калони картонӣ, тӯб ва ё ҷӯробакҳои тозаи бо тарзи кулӯла печонидашуда.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Агар кӯдак мустақилона аз ҷояш хеста рост шавад, бозичаҳоро дар диван ё дар рӯйи мизи мустаҳкам (ки намеафтад), гузоред то ин ки кӯдак дар паҳлӯи он истода дар як вақт бо бозичаҳо бозӣ карданро машқ кунад. Ба ғайр аз ин қуттии калонеро ёбед, ки кӯдак ба он даромада ва баромада тавонад. Барои ҷолибияти зиёдтар дар дохили қуттӣ бозичаи дӯстдоштаи кӯдакро гузоред. Дар назди кӯдак бошед ва дар бораи чӣ кор карданаш сӯҳбат кунед: “Ту дар дохили қуттӣ ҳастӣ! Акнун ту дар он нестӣ!” Инчунин Шумо қуттиро ҳамчун “ароба” тавассур карда, метавонед дар ҳуҷра онро тела диҳед. Ин махсусан дар зимистон барои кӯдак хурсандибахш аст, дар ҳоле, ки сайругашт дар кӯча маҳдуд аст.
Тӯпбозӣ бо кӯдак – боз як роҳи саъю кӯшиш ва ҳавасмандкунӣ барои роҳ гаштан мебошад. Тӯбро ба сӯи кӯдак ғелон намоед. Кӯмак намоед, то ин ки ӯ тӯпро ба сӯи Шумо ғелонад. Вобаста аз сину сол кӯдак метавонад тӯбро партояд, барои ҳамин ҳам тӯби соҳилӣ ё дигар тӯби сабук барои бозӣ комилан мувофиқ меояд.
Шумо метавонед машғулияти зеринро, ҳангоми вақти холӣ доштанатон истифода баред. Фарзанди Шумо аз он хабар медиҳад, ки ба ӯ ин машғулият шавқовар аст ва барои роҳгаштан ӯро ҳавасманд менамояд; Шумо бояд ӯро пайгирӣ намоед ва дастгирӣ кунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Агар тӯбро ба пеши ӯ ғелонед ин машғулият фарзанди Шуморо барои роҳ рафтан ва барои машқ кардани роҳравӣ ташвиқ менамояд.