Бозиҳоро омӯзед ва пайдо кунед
Маводҳои зарурӣ: Ҳама гуна бозичаҳои дӯстдошта, уребча, рӯймол, дастмоли коғазӣ, халта ё сумка, шишаҳои хурди пластикӣ, тухмиҳои гуногун ва ашёи хурд.
Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Рустшавакон бозӣ кунед. Бигзор фарзандатон бубинад, ки Шумо ашёеро дар зери кӯрпа, памперс ё болишт пинҳон мекунед. Агар кӯдак ба ёфтани ашёи пинҳоншуда шурӯъ накунад, дафъаи оянда онро қисман пӯшонед. Ба фарзандатон дар ёфтани ашё кӯмак намоед.
Бозичаҳои хурдро бо дастмоли коғазӣ ё рӯймола печонед (скотчро истифода набаред). Кӯдак метавонад бастаро кушояд ва сюрприз пайдо кунад. Шумо метавонед дигар коғазҳои мулоим ё коғазҳои рангашон диққатҷалбкунанда истифода баред. Инчунин метавонед бозичаҳоро бо рӯймолчаи тунук, матоъ ва ё памперс тунук печонед. Идеяи дигар ин сохтани халтаи сеҳрнок аст. Халтаи коғазӣ ё катониро бо ашёҳои зерин пур кунед: бозичаи мулоим, чизе, ки садо мебарорад, зарфчаи хурди пластикӣ бо сарпӯши тобмехӯрда ё китоб бо саҳифаҳои картонӣ. Навраси худро барои омӯхтани халтаи сеҳрнок ташвиқ кунед. Боварӣ ҳосил кунед, ки ашёҳо бехатар аст ва бозӣ аз ҷониби Шумо хуб назорат карда мешавад.
Идеяи дигар ин нақшофарӣ бо бозичаи мулоим ё лӯхтак аст. Ба фарзандатон нишон диҳед ва бигӯед, ки лӯхтак чӣ кор мекунад (роҳ меравад, хоб мекунад, хӯрок мехӯрад, дар назди миз бозӣ мекунад). Калимаҳоро барои тасвир кардани оне, ки лӯхтак чӣ кор мекунад истифода баред, шояд ба лӯхтак овоз медиҳед – Шумо метавонед ҳамаи он чизе ки ба Шумо ва фарзандатон писанд аст, иҷро кунед. Ба фарзандатон бозичаашро диҳед ва бубинед, ки оё ӯ лӯхтакро ба ҳаракат медарорад ва он чизе, ки Шумо мекунед, такрор мекунад. Агар ин бозӣ ба фарзандатон писанд ояд, Шумо метавонед бо навбат бозӣ кунед!
Кӯдакон аз бозӣ бо ашёе, ки садо мебароранд ва мағал мекунанд, лаззат мебаранд. Агар Шумо вақт ва мавод дошта бошед, метавонед шақшақаи мурракабро тавассути сохтани дастбандҳои металлии, ки ба дасти кӯдак ҷо мешавад, омода намоед. Шумо инчунин метавонед шишаҳои пластикии хурдро (бо сарпӯшҳо, ки кӯдакон кушода наметавонанд) бо ашёҳое, ки садоашон гуногун аст, ба монанди мӯҳрача, биринҷ, намак, донаҳои ҷуворимакка ва ғ. пур кунед. Бо мақсади бехатарӣ, ҳатман сарпӯшро мустаҳкам маҳкам кунед ва фарзандатонро ба омӯхтани садоҳо ташвиқ кунед.
Шумо метавонед ин машғулиятро ҳангоми доштани вақти холӣ барои бозӣ бо фарзандатон истифода баред. Агар дар оила бародарону хоҳарони калонтар бошанд, онҳоро низ барои бози кардан даъват кунед.
Кӯдаки Шумо чиро меомӯзад: Кӯдаки Шумо тавассути ламс кардан ва ё бозӣ кардан, шинохтани ашё ва одамони навро оғоз мекунад. Ин машғулиятҳо барои инкишофи моторикаи хурд ва малакаҳои сенсории кӯдак мусоидат мекунанд.
.