Бронхиолит

Бронхиолит – ин сирояти паҳнгашта буда, аз ҷониби вирус пайдо мегардад. Ӯ ба роҳҳои хурди нафаскашии навзодон ва кӯдакони хурдсол таъсир мерасонад, ки оқибат аз сабаби луоб ва илтиҳоб боиси тангшавии онҳо мегардад. Ба табиб муроҷиат намоед, агар Шуморед, ки ин нишонаҳои бронхиолит бошад.
Body

Сабабҳои бронхиолит

Бронхиолит метавонад аз ҷониби бисёр вирусҳои гуногун ба вуҷуд ояд, лекин дар бисёр ҳолатҳо ӯ аз тарафи вирус, ки номи ӯ вируси респираторӣ-синситиалӣ мебошад, пайдо мегардад. Вируси мазкур тариқи атса задан, сулфа ва ё алоқа паҳн мешавад.

Нишонаҳои бронхиолит

Вақто ки бронхиолит оғоз мегардад, нишонаҳои бронхиолит каме ба хунукӣ монанд мешаванд. Ба ӯ дохил мешавад зуком, атса задан, сулфаи сабук ва баъзан баланд гардидани ҳарорати бадан.

Бо паҳншавии бронхиолит, нафаскашии кӯдаки Шумо метавонад тезтар ва душвортар гардида, сулфаи ӯ - шадидтар шавад.

Шумо метавонед чунин нишонаҳоро мушоҳида кунед - кӯдаки Шумо ҳаракат мекунад, ки нафас кашад, масалан қабурғаҳояш аз маъмулӣ зуд-зуд ҳаракат мекунанд ва дароз мешаванд ва сурохиои бинии ӯ паҳнтар мегардад. Инчунин, Шумо метавонед дар вақте, ки кӯдак нафас мегирад, садои ҳуштакро бо номи «хирросзадан» шунавед. Дар ҳолатҳои вазнин лабҳои кӯдак метавонанд  кабуд шаванд.

 Хӯрок додан ба кӯдаки Шумо мушкил мегардад, аз ин сабаб ӯ метавонад хеле ғамгин шавад.

Даври аз ҳама мушкили бронхиолит ба рӯзи дуюм ё сеюм рост меояд, лекин давомнокии он метавонад то 10 рӯзро ташкил намояд.

Бо беҳтар гардидани ҳолати фарзанди Шумо, хиррос задан ва нафаскашии зуд-зуд коҳиш меёбад. Сулфа метавонад дертар давом кунад.

Бронхиолит бештар дар навзодон ва кӯдакони хурдсол во мехурад.

Нишонаҳои бронхиолит ба нишонаҳои диққи нафас (астма) монандӣ дорад, лекин ин дигар ҳолат буда, табобати дигарро талаб менамояд.

Дар кадом ҳолат ва нисбати кадом нишонаҳо ба табиб муроҷиат кардан зарур аст

Ба Шумо лозим аст, ки ба назди табиб муроҷиат кунед, агар дар ӯ чунин нишонаҳо бошанд:

  • нафаскашии зуд ва ё номунтазам;
  • сулфа ё ихтилоли умумӣ;
  • дар вақти истеъмоли ғизо ва ё нӯшидан мушкилӣ дорад ва аз ҳарвақта уребчаҳо кам тар мешаванд;
  • дигаргун шудани пӯсти рӯй дар вақти сулфа задан;
  • аз ҳарвақта беҳол ва ё хоболуд шудааст.

Кӯдакро фавран ба беморхона биёред, агар дар ӯ нишонаҳои нафастангӣ ё ранги кабуд гирди лабҳо пайдо шаванд.

Табобати бронхиолит

Агар кӯдаки Шумо гирифтори бронхиолити намуди сабук мебошад, Шумо метавонед ӯро дар хона табобат кунед:

  • Агар кӯдаки Шумо шири синаро истеъмол намояд ва синнаш аз шаш моҳа камтар бошад, ба ӯ истеъмоли ғизоро кӯтоҳтар ва зуд-зуд  тавсия диҳед.
  • Агар кӯдаки Шумо ғизои сунъиро истеъмол намояд ва синнаш аз шаш моҳа камтар бошад, ба ӯ Шумораи муқаррарии ғизоро пешниҳод намоед. Шояд ба Шумо лозим ояд, ки ба ӯ ғизоро бо Шумораи кам ва зуд-зуд диҳед, агар ӯ нотоб бошад.
  • Агар кӯдаки Шумо синнаш аз шаш моҳа боло бошад, шири сина доданро давом диҳед. 
  • Агар кӯдаки Шумо гурусна набошад ва ҳарорати баданаш баланд бошад, ин хатарнок нест.
  • Агар ҳарорати бадани кӯдакатон баланд бошад, ба ӯ аз рӯи нишондод парасетамол диҳед.
  • Назорат кунед, то ки кӯдакатон то ҳадди имкон истироҳат кунад.
  • Боварӣ ҳосил кунед, ки кӯдаки Шумо дар муҳити бе дуди сигор қарор дорад.
  • Ҳамчунин дар рӯзҳои аввал аз тамос бо кӯдакони навзод ва дигар кӯдакон худдорӣ намоед, чунки бронхиолит – ин бемории сироятӣ мебошад.
  • Ба кӯдаки Шумо антибиотикҳо лозим нестанд, чунки сабаби бронхиолит вирус мебошад, антибиотикҳо вирусро табобат намекунанд.

Агар дар кӯдаки Шумо бронхиолити ҷиддӣ бошад, шояд ба ӯ лозим ояд, ки ба беморхона муроҷиат намояд. Одатан ин боиси нодуруст истеъмол намудани ғизо мегарадад, бадани ӯ камоб буда ва ё ӯ ба кислород мӯҳтоҷ мебошад. Табиби Шумо мегуяд – оё ба Шумо дар беморхона бистарӣ шудан лозим аст ё не.

Шояд ба кӯдаки Шумо ворид намудани маҳлули дорувориро бо найча тавассути биннӣ ва 1 ба таври қатрагӣ лозим ояд. Баъзан ба кӯдаки Шумо метавонанд доруҳои зидди нафастангӣ, ба монанди Вентолин таъин кунанд. Ин метавонад ба баъзе кӯдакҳо барои сабук нафас кашидан тавассути кушодашавии роҳҳои нафаскашӣ кӯмак намояд, аммо ин одатан барои кӯдакони гирифтори бемории бронхиолит бо роҳи муассири табобат намешавад.