Бубинед, ман бо ин чиз чӣ кор карда метавонам!
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Танҳо якчанд бозичаҳои дӯстдоштаи фарзанди Шумо ё дигар ашёи оддӣ аз хона (масалан қошуқҳо ва табақҳо, варақаҳои коғаз ва чанд қалам); блокҳои хурди чӯб, чанд порчаи матоъ ва ғ.)
Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол, фарзанди Шумо ҳоло ҳам бо ашё бозӣ карданро дӯст медорад. Ҳоло ӯ на танҳо ин ашёҳоро меомӯзад, балки мекӯшад, ки онҳоро аз рӯйи таъиноташ истифода барад. Танҳо ба фарзандатон чанд чиз диҳед ва бубинед, ки ӯ чӣ кор карда метавонад. Масалан, ӯ метавонад ҳама қошуқҳоро дар як дег гузорад, ё вонамуд кунад, ки бо қошуқ хӯрок мехӯрад, ё телефони бозича гирад ва бо он "гап занад". Танҳо амалҳои фарзанди худро тамошо кунед ва аз он лаззат баред. Шумо инчунин метавонед бо яке аз бозичаҳо чизи шавқовар кунед ва бубинед, ки фарзандатон кори Шуморо такрор мекунад ё шояд чизи дигаре мекунад. Ба фарзандатон имкониятҳои зиёде диҳед, то бифаҳмад, ки ашёҳоро барои чӣ истифода бурдан мумкин аст.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин намуди машғулият малакаҳои тафаккури фарзанди шуморо тавассути таҷрибаҳои оддии ҳаррӯза тақвият медиҳад. Кӯдаки Шумо фикр мекунад: «Ин чист ва он чӣ кор карда метавонад? Ин барои чӣ аст? "Вай ҳар дақиқа меомӯзад!