Ҷадвали афзоиши кӯдак

Дар бораи афзоиши кӯдак Инкишофи қади кӯдакон нишонаи солимии умумӣ ва вазъи ғизоии онҳо мебошад. Ҳамаи тифлон ва кӯдакон бо суръати мухталиф калон мешаванд ва то расидан ба «меъёр» фосилаи калон лозим аст. Қади фарзанди Шумо беназир аст ва одатан аз рӯи намунае пайгирӣ мекунад, ки ба ӯ мувофиқ аст. Дар хона бо ҳамроҳии кӯдаки худ Шумо мефаҳмед, ки вай калон шуда истодааст. Шумо пай мебаред, ки ӯ либосҳояш, гаҳворааш, лагандчаи оббозикуниаш, ки ҳангоми навзод буданаш ба назар хеле калон менамуданд, аллакай хурд ҳастанд.
Body

Оид ба инкишофи қади кӯдак

Инкишофи қади кӯдакон нишонаи солимии умумӣ ва вазъи ғизоии онҳо мебошад.

Қади кӯдакон аломати солимии умумӣ ва ғизои онҳост

Ҳамаи тифлон ва кӯдакон бо суръати мухталиф калон мешаванд ва то расидан ба «меъёр» фосилаи калон лозим аст. Қади фарзанди Шумо беназир аст ва одатан аз рӯи намунае пайгирӣ мекунад, ки ба ӯ мувофиқ аст.

Дар хона бо ҳамроҳии кӯдаки худ, Шумо мефаҳмед, ки вай калон шуда истодааст. Шумо пай мебаред, ки ӯ либосҳояш, гаҳворааш, лагандчаи оббозикуниаш, ки ҳангоми навзод буданаш ба назар хеле калон менамуданд, аллакай хурд ҳастанд.

Ҷадвали афзоиши қад чист?

Ҷадвали афзоиши қадро мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва волидайн барои пайгирии рушди қади кӯдак  дар солҳои аввали ҳаёти ӯ истифода мебаранд. Қади кӯдаки Шумо дар асоси меъерҳои қаду қомати Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳисоб карда мешавад. Меъёрҳои мазкур аз ҳама беҳтар афзоиши физиологии қади ҳамаи кӯдаконро аз таваллуд то панҷсола тавсиф дода дар асоси маълумоти 8500 кӯдаки саросари ҷаҳон аз ҷумла Аврупо асос ёфтаанд. Хатти Z - ва ё хати  каҷравии меъёрӣ - ин ченакест, ки қади кӯдакро муайян мекунад. Ин воҳидҳои ченкунӣ нишон медиҳанд, ки қади кӯдаки шумо дар кадом сатҳи миёнаи нишондиҳанда қарор дорад.

Ҷадвали афзоиш – ин ҷадвалҳое мебошанд, ки тағйиротҳоро дар қаду қомат, вазн ва гирди сари  кӯдаки шуморо дар синну соли муайян нишон медиҳанд. Духтур ва ё ҳамшираи оилавии Шумо – мунтазам нишондиҳандаҳои кӯдакатонро чен мекунанд ва натиҷаҳои ченкуниро дар ҷадвал қайд мекунанд. Аз ҳама беҳтар ҳамаи тағйиротҳоро дар барномаи телефонии мобилӣ қайд кунед, то ки каҷҳои аз меъёр ақибмонии афзоиши қади кӯдаки Шумо дар наздатон бошад ва бо ҳамроҳии Шумо дар якҷоягӣ ба қайд гирифта шаванд.

Ҷадвалҳои инкишоф ва афзоиши гуногун барои духтарон ва писарон, барои кӯдакони хурдсол ва калонтар вуҷуд доранд.

Фаҳмиши ҷадвали афзоиши қади кӯдак                     

Дар ҷадвали афзоиши қад хатҳои (қаҷҳо) бисёре ҳастанд,ки доираи намунаҳои афзоши қади кӯдакро дар синну соли гуногун нишон медиҳанд. 

Қад ва вазни шумораи бисёри кӯдакон дар мобайни каҷҳои болоӣ ва поёнии диаграммаҳо вуҷуд доранд. Нисфи ҳамаи кӯдакон бо суръати зиёд аз доираи (диапазон) маъмулӣ болотар афзоиш меёбанд, нисфи дигари кӯдакон бо суръати камтар аз ин доира инкишоф меёбанд. Нишондишандаҳои маҳдудият худсарона муайян карда мешаванд, ва ду хусусияти меъёрии (ХМ) боло ва поёни арзиши миёнаи синну сол вуҷуд доранд.

Баъзан хатҳои каҷи афзоиши инфиродии қади кӯдак бо хатҳои каҷе, ки дар ҷадвал ҳастан ҳамдигарро мебуранд. Агар ин ҳолат бо кӯдаки Шумо рух диҳад духтури оилавии шумо ба инкишофи қади кӯдакатон бодиққат, дар давоми якчанд ташрифҳои оянда пайгирӣ мекунад. Қади кӯдаки Шумо ба  меъёр хоҳад расид ва табиби Шумо метавонад тавсияҳоро пешниҳод кунад, ки Шумо ба кӯдакатон дар ин ҳолат кӯмак  расонед.

  • Дар ҳолате, ки агар меъёри вазни кӯдак нисбат ба синну сол ва ё ин ки вазни бадан нисбати дарозии бадан/қад камтар аз 2 (ХМ) бошад, вайроншавии ғизои сатҳи миёна ва ё камвазни ҳисобида мешавад, агар камтар аз 3 (ХМ) бошад, вайроншавии ғизои сатҳи вазнин ҳисоб меёбад.
  • Агар арзиши вазни бадани кӯдак нисбат ба синну соли ӯ ё ки вазни бадан нисбати дарози/қади ӯ дар доираи +2ХМ ва + 3 ХМ бошад, кӯдак дорои вазни зиёдатии бадан ҳисоб меёбад ва агар дар доираи + 3ХМ бошад, фарбеҳӣ ҳисоб меёбад.
  • Агар дарозӣ/қади кӯдак нисбати синну сол камтар аз 2 ХМ бошад - қафомонии дарозии қад ҳисобида мешавад. Сабаби қафомонии афзоиши қад дар натиҷаи норасоии ғизо ва камғизоии музмин, ки одатан аз сабаби ғизои носолим /норасогии микроэлеметҳо, бемориҳои зуд ва ё дар давоми якчанд сол бештар такроршаванда пайдо мешавад.

Чи тавр қади кӯдак чен карда мешавад

Дарозии бадани кӯдак то 2 солагӣ дар ҳолати дароз кашидан чен карда мешавад. Қади кӯдакони аз 2 сола боло бошад, дар ҳолати истодан чен карда мешавад.

Вазни кӯдакони навзод ва аз ду сола майдатар бе либос бо тарозуи махсус барои кӯдакони хурдсол чен карда мешавад. Пас аз ду сол вазн бо либоси “сабук” бо тарозуи оддӣ чен карда мешавад.

Давраи сар одатан тавассути тасма ва ё сантиметр чен карда мешавад. Сари кӯдак дар давоми соли аввали ҳаёт зуд меафзояд ва ин санҷидани он, ки то кадом дараҷа кӯдак солим инкишоф ёфта истодааст, осон мегардонад.