Ҷалби падарон

Дар сатҳи баробар, падарон қобилиятҳои модарзодии тавоноӣ, муносибат ва нигоҳубини кӯдакон доранд. Алоқа ва ҳамбастагии падару кӯдак ҳам заминаи гормоналӣ / нейробиологӣ ва ҳам равонӣ дорад ва барои рушди кӯдак нақши муҳим дорад.
Body

Дар аксари ҷомеаҳои ҷаҳон нигоҳубини кӯдак вазифаи модар ба ҳисоб меравад, дар ҳоле ки падаронро фаъолона водор месозанд, ки аз иштирок дар ин кор худдорӣ кунанд. Сиёсати миллӣ ва тиҷорат чунин қоидаҳоро дар шакли сиёсати ғаразноки ширкат, ба монанди иҷозат надодан ё маҳдуд кардани рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак барои падарон мебошад. Онҳо қобилияти падаронро барои иҷрои масъулиятҳои пурраи волидайн маҳдуд месозанд ва ҳамзамон ба модарон бори гарон мегузоранд. Бояд фаҳмид, ки падарон дорои қобилиятҳои қавӣ барои дилбастагӣ, муносибатҳо ва нигоҳубини кӯдакон мебошанд. Робитаи байни падар ва кӯдак ҳам заминаи гормоналӣ / нейробиологӣ ва ҳам равонӣ дорад ва барои инкишофи кӯдак муҳим аст.

Маслиҳатҳо барои волидон:

  • Пеш аз таваллуди кӯдак, истифода бурдани сиёсати рухсатии падару модарро банақша гиред, танзими вақти кор ва ғ. ба инобат гирифта вақти лозима ва мувофиқро барои нигоҳубини кӯдак ва иҷрои корҳои хонаро низ бо ҳамсаратон тақсим намоед.
  • Дар аввал, тарбияи фарзанд аз ҷониби падар метавонад ба назар душвор ва таҷрибаи зиёдеро талаб кунад. Шояд шумо эҳсос кунед, ки  ҳамсари Шумо ҳама чизро таҳти назорат дорад, аммо Шумо бошад ин корро намекунед. Дар хотир доред, ки ҳамаи падарон қобилияти модарзодии пайвастан ва тарбияи фарзанди худро доранд ва таҷрибаҳои волидайн ҳам барои кӯдак ва ҳам барои волидон хеле фоидаоваранд.
  • Падарон  бояд водор намуд, ки аз таваллуд пурра дар нигоҳубини кӯдак иштирок кунанд ва дар ҳама чорабиниҳо, аз ҷумла кӯмак дар ғизодиҳӣ, бозӣ кардан, оббозӣ дорондан, нигоҳубини ҳамаҷониба ва ғайра ҷалб карда шаванд. Тасдиқ карда шудааст, ки нигоҳубин ба мисоли алоқаи волидайе “пӯст ба пӯст”, махсусан барои навзодон, барои солимии онҳо фоидаи калон дорад. Дастрасии ҷисмонӣ кӯмак мерасонад, ки кӯдаки Шумо худро бехатар ҳис кунад, эътимод ва робитаро бо Шумо мустаҳкам мекунад ва рушди майнаи сари кӯдакро ҳавасманд мегардонад.
  • Боварӣ ҳосил намоед, ки кормандони тиббӣ падаронро барои иштирок дар санҷишҳои саломатии кӯдакон, эмгузаронӣ ва ғайра фаъолона ташвиқ мекунанд.
  • Таъмин ва дастгирӣ ба волидон (масалан, гурӯҳҳои падарон) барои фароҳам овардани фазои мусоид барои падарон барои рушди малака ва эҳсоси дастгирии равонӣ.
  • Вохӯрии як ба як бо фарзанди Шумо беҳтарин имкони дилбастагӣ ва сохтани муносибатҳо ва баланд бардоштани худбаҳодиҳии фарзандатон мебошад.
  • Бо фарзандони худ зуд-зуд сӯҳбат кунед, ҳикояҳо нақл кунед, суруд хонед ва муоширати дуҷонибаро ташвиқ кунед.
  • Нишонаҳои кӯдаконро аз рӯи рафтор ва забони баданашон омӯзед, масалан, гиряи кӯдак ҳангоми гуруснагӣ ва хастагӣ метавонад гуногун садо диҳад.