Ҷамъоварии партовҳо

Ба шумо чӣ лозим мешавад: Дастпӯшакҳо, халтаи партов, асои дастгиркунӣ (ихтиёрӣ).

Машғулият аз чӣ иборат аст: Бо ҳамроҳи фарзандатон ба ҷое равед, ки партов аст – ба саҳни мактаб, майдончаи бозӣ, ё ин ки соҳили ҳавз. Боварӣ ҳосил намоед, ки ин бехатар аст, танҳо дастпӯшакҳоро пӯшеду ба ҷамъ намудани партов оғоз намоед! Метавонед ба кӯдак супориш диҳед, ки ба парранда, ҳашарот ва дигар махлуқи зинда диққат диҳад – ба воситаи кӯшиши Шумо барои ҳамаи онҳо муҳити нисбатан тоза фароҳам оварда мешавад.

Кӯшиш кунед, ки аз он ашёе, ки шумо дар хона мепартоед, чизе бисозед - халтаҳо, банкаҳо, коғаз.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Эҳтимол Шумо ҳангоми сайругашт партовҳои атрофро мушоҳида мекунед. Ҷамъоварии партовҳо имкони хубест барои омӯхтани бисёр чизҳои нав, бинобар ин ҳамроҳи фарзандатон ба қаҳрамонӣ биравед ва ба ӯ нишон диҳед, ки чӣ гуна Шумо метавонед ба табиат кӯмак кунед ва муҳити атрофро тоза кунед. Чунин таваҷҷӯҳ ба муҳити атроф инчунин ба дарки он мусоидат мекунад, ки ҳар яки мо метавонад як кори муфидеро анҷом диҳем!