Ҷангал дар як шиша
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Шишаи калон
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Шишаи холии тозаро гиред (масалан шишаи 2 литра) ва ба ҳавои кушод равед. Ин бозиро дар боғ ё боғи фароғатӣ бозӣ кардан шавқовартар аст.
Кӯдаконро ба берун бароред, то барои ба шишаҳо ҷойгир кардан "маводи ҷангал"-и гуногун ҷустуҷӯ кунанд. Он метавонад чунин чизҳо бошад, аз қабили: баргҳо, навдаҳо, алаф, сангҳои майда, замин, гулҳо ва пораҳои пӯсти дарахт.
Шумо метавонед ба кӯдакон пешниҳод кунед, ки шишаҳоро тавре пур кунанд, ки дар онҳо «ҷангал дар шиша» ҳосил шавад. Аз як қабати замин оғоз кунед, сипас алаф ва сангҳои майда, пас пӯсти дарахт, навдаҳо, баргҳо ва гулҳоро илова кунед.
Пас аз анҷоми сайру гашт, кӯдакон метавонанд "ҷангал дар шиша"-и худро ба хона баранд. То он даме, ки ҳама чиз дар шиша тару тоза аст, он метавонад дар ҳуҷраи онҳо як ҷузъи олиҷаноби табиӣ бошад!
Боварӣ ҳосил кунед, ки маводи табиие, ки Шумо дар шиша ҷамъ мекунед, аз ҳашарот тоза аст.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин фаъолият як роҳи олиест барои ҷалби таваҷҷӯҳи кӯдакон ба табиат. Ҷамъоварӣ ва омӯхтани маводҳои табиӣ узвҳои ҳиссиёти онҳоро ҳавасманд мекунад ва ба онҳо фаҳмиш ва шавқро дар бораи чӣ гуна бино шудани муҳити атроф медиҳад.