Чапак мезанем

Маводҳои зарурӣ: Кӯрпаи мулоим, суруд ва рифма.

Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Аз рӯзи аввали ҳаёт кӯдак бадани худро шинохта онро идора намуданро ёд мегирад, ҳол он, ки ҷарраён вақтро талаб мекунад, Шумо метавонед мушоҳида намоед, ки фарзанди Шумо кӯшиш мекунад, ки дастони хурдакакашро дорад. Ба воситаи ин бозиҳо Шумо метавонед ба кӯдак кӯмак намоед, ки малакаҳои моторикии (ҳаракат) худро тақвият диҳад.

Пеш аз оғоз намудан Шумо бояд ҷойро барои бозӣ омода намоед. Кӯрпаро ба курсӣ дар ҳамвории қуллай гузоред. Кӯдакро ба болои кӯрпа гузоред ва дар назди ӯ шинед, то ин ки кӯдак Шуморо дида тавонад. Аз сурудхонӣ ё шеърхонӣ оғоз намоед, то он вақте, ки бо даст ва ангуштони ӯ бозӣ менамоед. Шумо метавонед яке аз бозиҳои зеринро озмоиш намоед:

Агар шод хасти даст бизан (чапак занед)

Агар шод хасти даст бизан (чапак занед)

Агар шод хасти ва инро медонӣ (чапак занед)

Агар шод хасти даст бизан (чапак занед)

Дастони кӯдакро эҳтиёткорона дошта ҳаракат намуданро аз хотир набароред.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозӣ ба фарзанди Шумо кӯмак менамояд, ки мутобиқсозии чашм ва дастро инкишоф диҳад, моторикаро назорат кунад ва ҳамоҳангсозии иҷтимоиро бо ёрии суханронии кӯдакона оғоз намояд.