Чапак задан
Маводи зарурӣ: Лозим нест
Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Ин намуди машғулиятро ҳар вақт ва дар ҳама ҷо иҷро кардан мумкин аст; дар боғ, хонаи хоб ё ҳар ҷое, ки кӯдаки Шумо худро бароҳат ҳис мекунад.
Барои оғоз кардани машғулият, бо фарзандатон дар фарш, диван, кат ё курсиҳо нишинед. Ба кӯдакатон чеҳраи хандовар нишон диҳед ва аз ӯ хоҳиш кунед, ки ягон кори хандовар кунад ё ба ягон узви бадан даст расонад. Ҳатто агар кӯдак дар аввал тарзи амали кардани чизи хандаоварро хуб дарк накунад ҳам, вай ба зудӣ кӯшиш мекунад, ки ба ҳама корҳои Шумо тақлид кунад.
Вақте, ки навзоди Шумо ягон кори хандовар мекунад ё ба узви бадане, ки шумо дархост карда будед, даст расонида тавонад, бо чапакзанӣ ӯро табрик кунед. Шумо инчунин метавонед баҳри ташвиқи хурдсолатон барои такрори ин амал "Офарин!" гӯед. Каме таваққуф кунед ва пас амалро такрор кунед. Бо дастҳоятон чапак занед ва "Офарин!" гӯед токи кӯдакатон ин амалро такрор кунад. Аз кӯдак хохиш кунед ки мисли Шумо чапак занад. Ба ӯ нишон диҳед, ки чӣ гуна бояд ин корро анҷом дод, ё ки дастҳояшро гирифта, якчанд маротиба якҷоя чапак занед. Кӯдаки Шумо дар оянда ин корро бе кумак карда метавонад.
Чапак задан барои кӯдаки Шумо душвор буда метавонад, аммо бо кӯмак ва дастгирии Шумо ин осонтар хоҳад буд.
Кӯдаки Шумо чиро меомӯзад: Бо ин амали оддӣ, кӯдаки Шумо ба имову амалҳои калонсолон тақлид карда, ҳамоҳангсозии дастҳоро такмил медиҳад ва аз якҷоя вақт гузарондан лаззат мебарад.