Чарх мезанем
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Чархзанӣ ҳамроҳи фарзандатон барои фаҳмидани фазо ва ташаккули ҳисси мувозинати ӯ муфид аст.
Барои ин фаъолият, Шумо бояд фазои кушодеро пайдо кунед, ки дар он хатари пешпо хӯрдан ё задан ба чизе вуҷуд надорад.
Кӯшиш кунед, ки бо кӯдаки худ бо роҳҳои гуногун чарх занед. Шумо метавонед мавқеъро ҳар дафъае, ки пас аз танаффуси кӯтоҳ дубора чарх заданро оғоз мекунед, тағир диҳед:
- Кӯдакро дар рӯи дасти худ хобонида, сарашро доред.
- Ӯро бо тахтапушташ ба худ нигоҳ доред ва оҳиста чарх занед.
- Кӯдакро тавре нигоҳ доред, ки рӯи ӯ ба шумо нигаронида шавад ва чарх занед
Ҳангоме ки Шумо оҳиста чарх мезанед, метавонед ба кӯдаки худ суруди алларо хонед, то ин амалро боз ҳам навозишкорона ва маҳрамонатар созед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Дидани ҷаҳони атроф аз мавқеъҳои гуногун барои рушди ҳамоҳангсозии дасту чашм муфид аст, ки барои омӯхтани говаккашӣ ва роҳ рафтан зарур аст.