Ҷазои ҷисмонӣ: чиро бояд донист?

Ҷазои ҷисмонӣ ба некӯаҳволии кӯдак таъсири манфӣ мерасонад ва ба тарбияи ӯ аз рӯи қоидаҳои иҷтимоӣ мусоидат намекунад. Рафтори хубро дар кӯдак ташвиқ намуда ӯро рӯҳбаланд намоед: дар сурати ҷой доштани рафтори номатлуб ба ӯ нишон диҳед, ки оқибаташ чӣ гуна буда метавонад. Эҳсосоти худро идора карданро омӯзед - ин ба Шумо кӯмак мекунад, ки аз истифодаи ҷазои ҷисмонӣ канорагирӣ кунед. Агар Шумо ин мушкилотро мустақилона ҳал карда натавонед, барои кӯмак ба мутахассис муроҷиат намоед.
Body
Ҷазои ҷисмонӣ (ҷисмии) ба кӯдакон: чиро бояд донист?

Шаппотӣ задану кӯфтан (зарба задан ба қисмҳои гуногуни бадан) – ин ҷазои ҷисмонӣ аст. Баъзе волидон метавонанд барои тарбия кардани кӯдак аз ҷазои ҷисмонӣ истифода баранд, зеро фикр мекунанд, ки ин усул метавонад, ба тағйир додан ва назорат кардани рафтори номатлуби кӯдак мусоидат кунад.

Вале истифода бурдани ҷазои ҷисмонӣ - намунаи хуби усулҳои интизомии тарбия нест, зеро онҳо ба кӯдакон дар ташаккули ақида дар бораи рафтори қобили қабул кӯмак намекунанд ва дар худидоракунии онҳо мусоидат намекунад.То дараҷае ҷазои ҷисмонӣ дар кӯдак тасаввуроти манфиро нисбат ба худаш ташаккул дода ӯро водор месозад, ки фикр кунад ӯ шахси бад аст ва ӯро дӯст доштан ғайриимкон аст. Кӯдак фикр мекунад, ки зӯроварӣ нисбат ба одамони дигар кӯмак мекунад, то ки ба зидди дарку эҳсосоти қавӣ мубориза барад. Ҷазои ҷисмонӣ метавонад боиси пайдоиши масъаалҳои дарозмуддати саломативу инкишофёбии кӯдак гардад. Ба кӯдаконе, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ҷазо дода мешаванд, мушкилоти эҳсосотӣ ва рафторӣ пайдо мешаванд, ки онро метавонанд ҳамчун хашмгинӣ, депрессия, изтироб ва зӯроварӣ нисбат ба дигарон зоҳир намоянд.

Усулҳои алтернативии ҷазои ҷисмонӣ: чӣ гуна ба кӯдак кӯмак кардан мумкин аст?

Яке аз роҳҳои беҳтарини пешгирӣ аз истифодаи ҷазои ҷисмонӣ – ин фароҳам овардани шароит барои рафтори хуби кӯдак мебошад.

Бо фарзанди худ муносибати гарм ва бехатарро барқарор кунед. Агар кӯдак эҳсос намояд, ки ӯро дӯст медоранд ва қадр мекунанд, ӯ эҳтимолан ҳамон тавре рафтор мекунанд, ки Шумо мехоҳед.

Қоидаҳои муайян дар оила - қадами муҳим дар тарбияи фарзандон мебошанд. Ба шарофати онҳо кӯдак худро бехатар ҳис мекунад ва дарк менамояд, ки чӣ гуна рафторро аз ӯ интизор ҳастанд. Риояи қоидаҳо барои пешгирӣ кардани мушкилоти рафтор кӯмак мекунад.

Шумо инчунин метавонед барои ҳолатҳое, ки фарзанди Шумо рафтори номуносиб мекунад, пешакӣ ба нақша гиред. Масалан, Шумо метавонед пас аз хоби нисфирӯзӣ ва газакҳои нисфирӯзӣ бо ӯ харид кунед, то ҷанҷолро пешгирӣ кунед.

Агар фарзанди Шумо тавре рафтор кунад, ки ба Шумо маъқул нест, таҳлил кунед, ки дар муҳити ӯ чӣ рӯй медиҳад. Эҳтимол, чизе ӯро ташвиш медиҳад ё ғамгин мекунад. Дар хотир доред, ки тағйирот дар муҳити атрофи кӯдак метавонад ба рафтори онҳо таъсири мусбӣ расонад. Масалан, агар Шумо ашёҳои ноустувор ва хатарнокро аз майдони биниш дур кунед, ӯ хоҳиши омӯхтани онҳоро гум мекунад ва Шумо набояд ӯро маҳдуд кунед. Баъзан танҳо парешон кардани кӯдак дар вазъияти душвор кифоя аст, то рафтори номатлубро пешгирӣ кунад.

Истифодаи оқибатҳо ба ҷои ҷазои ҷисмонӣ

Кӯдакони синни томактабӣ аллакай оқибатҳои рафтори манфии худро хеле хуб мефаҳманд: масалан, агар фарзанди Шумо курткаро ба ҷои пӯшидан ба рӯи фарш партояд, Шумо якҷоя сайру гашт кардан наметавонед. Бо вуҷуди ин, оқибати чунин рафтор на дарҳол, балки дар муддати дароз, махсусан вақте ки Шумо онҳоро бо стратегияҳои мусбӣ ва рафтори хубро якҷоя  ташвиқ мекунед, таъсир мерасонанд. Масалан: «Имрӯз Шумо чӣ қадар зуд ба сайру гашт омода шудед! Мо вақт меёбем, ки ба боғи истироҳатӣ биравем ва ба чархофалак савор шавем».

Кӯдакони хурдсол (то сесола) ҳанӯз дарк карда наметавонад, ки оқибати ягон кор аз ин ё он амали иҷронамудаи онҳо вобаста аст, ки аз ин сабаб, барои рафтори худ ҷавобгар буда наметавонанд ва бинобар ҳамин ҳам истифода намудани ин стратегия ба ин гуна кӯдакон тавсия дода намешавад ва барои ҳамин дар мавриди рафтори хуби онҳо ба таври фаъолона онҳоро рӯҳбаланд намудан беҳтар мебошад.

Чӣ тавр волидон бо ноумедӣ, хашм ва стресс мубориза баранд

Агар Шумо эҳсосоти манфии худро идора карда тавонед, масалан ором бошед ва садои худро баланд накунед, Шумо ба фарзандатон намунаи олии рафтори худро нишон медиҳед.

Агар Шумо баъзан худро хеле эҳсосӣ ва хашмгин ҳис кунед, аммо надонед, ки чӣ гуна ором шавед, шояд ба Шумо омӯхтани баъзе роҳҳои идоракунии стресс зарур бошад.

Агар Шумо хоҳед, ки кӯдакро занед, беҳтар аст, ки дар чунин лаҳзаҳо худро аз ӯ каме дур гиред. Барои ором шудан ба худ вақт диҳед. Ба ҳуҷраи дигар рафта нафаси чуқур гиред ва сипас оҳиста - оҳиста нафас кашед ва ин машғулиятро якчанд маротиба такрор кунед. Кӯшиш кунед, ки вазъиятро бо ҳамсаратон ё ягон нафари наздикатон муҳокима кунед.

Агар ба Шумо назорат кардани эҳсосот ва рафторатон дар ҳолатҳои стресс душвор бошад, барои гирифтани кӯмаки ихтисоснок ба мутахассис муроҷиат намоед.

Агар ба Шумо мубориза бурдан бо рафтори мушкили фарзандатон душвор бошад, Шумо метавонед барои дастгирӣ ва роҳнамоӣ ба равоншинос муроҷиат кунед.