Чӣ бояд кард, агар ҳама чиз дар атроф ношинос бошад
Ба шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз
Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол, фарзанди Шумо эҳтимол то ҳол нисбат ба одамон ё ҳолатҳои нав каме тарсу ҳарос дорад. Новобаста ба ин дар фарзандатон имкониятҳои бештар барои пайдо кардани роҳҳои идора кардани эҳсосоти худ бо кӯмаки Шумо пайдо мешавад.
Имкониятҳо фароҳам оваред, то фарзандатон оҳиста-оҳиста бо одамони нав ва ҷои нав шинос шавад. Эҳтимол дар аввал дар ин бора сӯҳбат кардан ва ба кӯдак нишон додани акс хубтар бошад? ("Бибиятро дар хотир дорӣ? Мо имрӯз ба аёдати ӯ меравем") ё "Баъдтар якҷоя ба назди табиб меравем. Мисли пештара, вай ба даҳони ту чунин менигарад»(нишон диҳед). Агар фарзанди Шумо аз як ҳолати аҷиб нороҳат шавад, шумо метавонед ба ӯ шинохтани эҳсосоташ ба ӯ кумак кунед ("Бале, ман медонам, ки ту метарсӣ. Дар зонуи ман шин. Мехоҳӣ бозичаи хирсакро дар дастат дошта истӣ?"). Пас аз ба охир расидани ин ҳолат, бо кӯдаки худ оромона сӯҳбат кунед ва ба ӯ таъкид намоед, чӣ тавр ӯ аз уҳдаи ин ҳолат баромад: «Ман медонам, ки ту каме тарсидӣ, аммо ба хотир биёр, ки ту барои худатро беҳтар ҳис кардан чӣ кор кардӣ? (номбар кунед, ки ӯ чӣ кор кард)”.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Дар хотир доред, ки тарси фарзандатон аз ҷойҳо ва одамони ношинос як қадами муҳим дар инкишофи ӯст. Он нишон медиҳад, ки кӯдак то чӣ андоза ба Шумо наздик аст ва фарқи байни вазъияте, ки ӯ худро дар он бехатар ҳис мекунад ва вазъе, ки худро бехатар ҳис намекунад, медонад. Бо кӯмаки Шумо, кӯдак инчунин "стратегияҳои бартараф кардани душвориҳо"- ро таҳия мекунад, яъне роҳҳое, ки ӯ худро тасаллӣ дода метавонад. Фарзандатон худро ҳамчун як шахси боистеъдод мебинад, аммо метавонад ба шумо ё одамони дигар такя кунад, то худро бароҳат ҳис кунанд.