Чӣ бояд кард агар парранда нӯл занад ё хояндаи хурд газад?
Дар ҳолати газидани хояндаҳо ва паррандаҳо тартиби шустани захм ҳамон хел аст, ки ба мисли газидани сагу гурба аст, вале аз баъзе хусусиятҳо бояд огоҳ бошед.
Body
Чораҳои асосӣ:
- Ҳарчи зудтар захмро бо оби тозаи равон ва собун шӯед.
- Агар хунравӣ бошад, онро қатъ кардан лозим аст.
Агар парранда нӯл зада бошад - чораҳои махсус:
- Агар парранда нӯл занад ва захм аломатҳои сироятро дошта бошад ё дар минтақаи ҳассос (масалан, назди чашм) ҷойгир бошад, духтури шумо метавонад муолиҷаро бо антибиотик таъин кунад.
- Инчунин, агар дар кӯдак дар давоми як ё ду ҳафтаи пас аз ҳодиса аломатҳои зукоми грипп пайдо шаванд, ин метавонад "табларзаи тӯтӣ" (орнитоз) бошад, ҳатман ӯро ба духтур баред.
Агар хояндаи хурд газад - чораҳои махсус:
- Сарфи назар аз он, ки хояндаҳо (мири мушон/хомяк, кӯрмуши обӣ/морская свинка ё муш) хурд ҳастанд, дар ҷои газидаи онҳо захмҳои калон боқӣ мемонанд. Дар хотир бояд дошт, ки аксар вақт ин хояндаҳо метавонанд интиқолдиҳандагони бактерияҳои гуногун бошанд ва аз ин рӯ, агар ягон аломати сирояти захм пайдо шавад (сурхӣ, варам, риму фасод, ҳарорати баланд ва ғайра), кӯдакро ба духтур нишон додан лозим аст.