Чи гуна бозичаҳоро дар ҷойи тоза нигоҳ доштан мумкин аст

Вақте ки кӯдакони хурдсол бозичаҳоро аз фарш гирифта ба даҳони худ мегузоранд, онҳо бо ашёҳои муҳити атроф шинос мешаванд, хурсандӣ мекунанд, бозӣ мекунанд, ором мешаванд, вале ҳамзамон онҳо метавонанд микроорганизмҳоеро фурӯ баранд, ки боиси бемориҳои гуногун мегарданд.
Body

Барои он ки саломатии кӯдак нигоҳ дошта шавад, бояд бозичаҳо бо тарзҳои зерин мунтазам шуста шаванд:

  • Дар охири рӯз шақшақа ва дандонхилолҳои резиниро ҷӯшонед. Баъдан онро дар зери оби равон шӯед ва хушк кунед.
  • Мурғобичаҳо, моҳичаҳо, қаиқчаҳо ва дигар бозичаҳоеро, ки кӯдак дар вақти оббозӣ карданаш бозӣ мекунад, пахш намоед, то ки об аз дохили он барояд ва онро хушк кунед, то ки дар дохили он замбӯруғҳо, мағор ва бактерияҳо афзоиш наёбанд.
  • Бозичаҳои пластикӣ ва тахтагиро (конструктор, мошинчаҳо, мошинчаҳои боркаш) бо моеъи зарфшӯӣ шуста, баъдан дар зери оби равон чайқонед ва хушконед.
  • Дар бозичаҳои мулоим ва бофташуда бештар чанг ҷамъ мекунанд. Мунтазам онҳоро тоза кунед ва ҳар 15 шабонарӯз онҳоро дар мошинаи ҷомашӯӣ шӯед.
  • Ба бозичаҳое, ки кӯдаки Шумо дар ҳавлӣ бозӣ мекунад, диққати махсус зоҳир намоед. Пас аз он, ки кӯдак бозӣ мекунад, онҳоро дар зери оби гарм бо моеъи шӯянда шӯед. Тафтиш намоед, ки дар сатҳи онҳо хок ва қум боқӣ намонад. Онҳоро обгардон намуда дар ягон ҷой гузоред, то ки хушк шаванд.

Дар мавриди харидорӣ намудани бозичаҳо ба назар гиред:

  • онҳо бояд ба осонӣ тоза карда шаванд;
  • онҳо бояд сифати хуб дошта бошанд;
  • онҳо бояд бехатар бошанд;
  • онҳо бояд ба синни кӯдак мувофиқ бошанд.

Барои нигоҳдории бозичаҳо контейнери пластмасӣ ё сабад истифода баред. Аз давраи барвақти кӯдакӣ пас аз оне, ки кӯдак бозӣ кард, ба ӯ ҷамъ намудани бозичаҳоро омӯзонед. Ҳамин тавр, дар раванди бозӣ кӯдакон одатҳои хубро аз худ карда, ба тартиб мешаванд.