Чӣ гуна дар кӯдак дар соли сеюми ҳаёт малакаҳои ҳаракатиро такмил додан мумкин аст
Вақте ки кӯдак ба роҳ рафтанаш муҳити атрофро дарк мекунад?
Ҷаҳон бузург ва ҷолиб аст. Кӯдакон онро ҳангоми таъсири тарафайн бо он меомӯзанд: ба ҷойе баромадан, аз чизе ё аз зери чизе гузаштан, давидан, тела додан, чарх задан, аз ҳар тараф нигоҳ кардан ва махсусан «каллапо шудан» аз он сабаб, ки онҳо дар ҳолати чаппа буданро дӯст медоранд ва ҳангоме, ки онҳоро чарх мезанонанд, чаппа меистанд ва алвонҷ мехӯронанд... Ва кӯдакон мустақилият нишон доданро низ дӯст медоранд. Зуд-зуд шунидан мумкин аст: «Маро сар деҳ, ман худам!». Ҳамин тавр онҳо ба Шумо хабар медиҳанд, ки онҳо аллакай худашон бисёр чизҳоро медонанд.
Бо ангезиш додани мағзи сар, кӯдакон идора кардани бадани худро то нӯги ангуштон меомӯзанд - ҳал кардани муаммоҳо, бо чоркунчаҳо сохтан, қаламро дар даст нигоҳ доштан, марҷонҳои хурдро дар ришта мегузаронад, китоб хонданро ёд мегиранд.
Бозиҳо бо тӯб: роҳи беҳтарини омӯзиши малакаҳои мотории умумӣ вуҷуд надорад. Тӯбро партофтан, ёфтан, бо пой задан ва дарёб кардан мумкин аст. Кӯдакон аввал тарзи идора кардани тӯбҳои калонтарро бо ду дастро меомӯзанд ва сипас онҳо ба кӯшиши иҷро намудани ин амалҳоро бо истифода аз тӯбҳои хурдтар шавқ доранд. Бозиҳо бо тӯб инкишоф медиҳад:
- суръат;
- чусту чолокӣ;
- ҳамоҳангсозӣ;
- маҳорати баҳодиҳии андозаи фазо;
- қобилияти банақшагирии ҳаракат;
- маҳорати партофтан (якчанд маротиба такрор кардани он);
- тамоми бадан тавассути пайдарпаии иҷроиши ҳаракатҳои гуногун.
Бозӣ кардан бо рег: мумкин аст регзорҳо, теппаҳо, манораҳо ва қалъаҳо созед, бо он қолабҳоро пур кунед, каналҳои обёрӣ кобед, бо об таъмин кунед. Бозиҳо бо қум, сангҳо ва об:
- мушакҳои тамоми баданро ҷалб ва пурқувват мекунанд;
- мувозинатро беҳтар мекунад;
- ҳиссиёти ламскуниро такмил медиҳад.
Бозиҳо дар боғ: дар гардишҳо, майдончаҳо ва батутҳои бозӣ. Боғи истироҳатӣ - як ҷаҳони нав аст! Бозиҳо дар боғ дар кӯдакон инкишоф медиҳанд:
- малакаҳои иҷтимоӣ;
- захираи луғавӣ ҳангоми муошират бо дигарон;
- малакаҳои моторӣ;
- мавқеъ дар фазо;
- хоҳиши омӯхтани чизи нав;
- малакаи тақлид кардан;
- қобилияти ҷалб кардан ва бо дигарон ташкил кардани бозӣ.
Кӯдакон ҳаракат карданро дӯст медоранд. Онхо бо завқ бо кӯшиши истифодабарӣ аз қувваи худ ва мукаммал намудани малакаҳои бехатарӣ дар муҳит медаванд, меҷаҳанд, лагад мезананд. Бо дастгирии Шумо ва таҳти назорати Шумо дар кӯдак ҳангоми бозӣ малакаҳои моторӣ, иҷтимоӣ-эҳсосотӣ, когнитивӣ, нутқ ва забон инкишоф меёбад.