Чи гуна кӯдакро аз ғарқшавӣ эмин доштан мумкин аст
Ғарқшавӣ — яке аз сабабҳои фавти кӯдакони ҳамаи синну сол мебошад. Диққат додани калонсолон омили ҳалкунандаи пешгирии ғарқшавӣ мебошад.
Body
Чи гуна кӯдакро аз ғарқшавӣ эмин доштан мумкин аст
- Ҳангоми дар наздикии об будани кӯдакон эҳтиёт шавед ва онҳоро беназорат нагузоред.
- Ҳеҷ гоҳ аз кӯдакони калонтар талаб накунед, ки ҳангоми оббозӣ, шиноварӣ ё бозӣ кардан дар назди об кӯдакони хурдсолро назорат кунанд. Дар ҳар ҷое, ки кӯдакон оббозӣ ё шино мекунанд (дар баҳр, кӯл, ҳавз, ванна), онҳо бояд ҳамеша таҳти назорати волидон ё дигар шахсони калонсол қарор дошта бошанд.
- Вақте ки Шумо фарзандони худро оббозӣ медоронед, ҳамеша дар назди онҳо бошед. Кӯдакон метавонанд дар об дар чуқурии ҳамагӣ 12 сантиметр ғарқ шаванд!
- Мавҷудияти хатарҳоро дар ҳавлӣ муайян намоед. Чоҳ, ҳоҷатхона, бочкаҳо, сатилҳо — ҷойҳое мебошанд, ки кӯдакони хурдсол ба осонӣ ба онҳо афтода метавонанд ва бинобар ин муҳим аст, ки дар онҳо об набошад ва ё кӯдакон ба онҳо дастрасӣ надошта бошанд. Ҳавзҳо ва дигар ҷойҳои обдорро бо девор иҳота кунед, то кӯдакон мустақилона ба онҳо расида натавонанд.
- Боварӣ ҳосил кунед, ки кӯдакон мустақилона аз минтақаи наздиҳавлигӣ баромада наметавонанд. Кӯдакон метавонанд ба берун ё ба ҳавлиҳои ҳамсоя рафта, дар он ҷо каналу ҳавзҳо ва дигар обанборҳоро пайдо кунанд.
- Агар кӯдакон шино карда натавонанд, онҳо бояд либоси муҳофизатӣ пӯшанд. Масалан, камзӯлчаҳои шиноварӣ, остинпӯшакҳо ва ғайра. Агар камзӯлчаҳои наҷотбахш истифода бурда нашаванд, хатари ғарқшавӣ зиёд мешавад ва бинобар ин боварӣ ҳосил кунед, ки кӯдакон ҳатто дар соҳил, махсусан ҳангоми шиноварӣ дар заврақ ё шиноварӣ дар дарёҳо, кӯлҳо, баҳр ва дар ҳолати зарурӣ дар ҳавзҳои шиноварӣ воситаҳои муҳофизатӣ пӯшанд.
- Махсусан ба об ҷаҳидан хавфнок аст. Ҷаҳидан дар обҳои маҷрояшон кам ва бархӯрдан ба канори ҳавз ҳангоми ҷаҳидан боиси ғарқ шудани кӯдак, инчунин сабаби бештар вохӯрандаи осеби сутунмӯҳра мебошад. Ба кӯдакон ёд диҳед, то чуқурии оберо, ки ба он ҷаҳидан мехоҳанд, тафтиш кунанд ва бори аввал бо пой ҷаҳанд.
Ба фарзандатон шиноварӣ карданро ёд диҳед
Ба кӯдакон дар синни 4-5 солагӣ шиновариро ёд додан бамаврид мебошад, вале дар хотир доред, ки ҳама кӯдакон гуногун мебошанд ва набояд онҳоро маҷбур созед; ба ҷои ин ба кӯдакатон ҳангоми омода буданаш шиновариро ёд диҳед, то дар ӯ бадбинӣ нисбат ба шиноварӣ пайдо нашавад.
Дар хотир дошта бошед, ки танҳо шино карда тавонистани кӯдак, маънои онро надорад, ки Шумо ӯро бе назорат гузоред. Ба Шумо лозим аст, ки малакаҳои шиноварӣ ва қоидаҳои асосии расонидани ёрии аввалинро омӯзед.