Чӣ рӯй дод?

Маводҳои зарурӣ: Зарурият надорад. Шояд Шумо мехоҳед сӯҳбати худро бо аксҳои ҳодисае, ки бо кӯдаки шумо рух додааст (масалан, рӯзи таваллуди ӯ) ё акси ашёи шиносро оғоз кунед.

Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Ҳар рӯз бо фарзанди худ сӯҳбатҳои гуворо гузаронед. Дар ин синну сол, фарзанди Шумо бештар гап мезанад ва эҳтимол ба вай маъқул аст, ки ба суханони ӯ таваҷҷӯҳ кунанд. Шумо метавонед аз кӯдаки худ хоҳиш кунед, ки он рӯз ё ба наздикӣ рӯйдодашударо ба ёд орад ва тасвир кунад. Шояд шумо аз чизе шурӯъ кунед: "Оҳ, дар хотир дорӣ, ки мо пагоҳирӯзӣ дар хонаи бибиат будем? Ту вақтро хело хуб гузарондӣ. Ту дар он ҷо чӣ кор кардӣ? "

Ҳатман ба нақли фарзандатон аҳамият диҳед. Агар ӯ чизе гӯяд ба монанди "Ман хӯроки нисфирӯзиро хӯрдам", Шумо метавонед ӯро водор кунед, ки ба хотир оварад ва тасвир намояд: “Бале, ту чӣ хӯрдӣ? Ба ту беш аз ҳама чӣ маъқул шуд?” ва “Мо боз чӣ кор кардем? Ёд дорам, ки ту бо гурба бозӣ мекардӣ.“ Шумо пай мебаред, ки ҳикояҳои фарзанди Шумо дар бораи ин машғулиятҳо бо мурури замон дарозтар ва мураккабтар мешаванд.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулият барои рушди захираи луғавии фарзанди Шумо хеле мувофиқ аст. Вақте, ки фарзанди Шумо калимаҳои бештарро меомӯзад ва истифода мебарад, вай барои хондани минбаъда заминаи мустаҳкам мегузорад. Вақте, ки фарзанди Шумо кӯшиш мекунад, ки ҳодисаҳои гузаштаро ба ёд орад, вай мағзи худро низ инкишоф медиҳад. Муносибати меҳрубонаи Шумо бо фарзандатон дар ин суҳбатҳои ҳаррӯза, мубодилаи таҷриба ва хотираҳои фарзандатон хело муҳим мебошад.