Чӣ тавр газидани ҳашаротро пешгирӣ кардан мумкин аст?
Дар баъзе мавридҳо неши занбӯри асал ё ору метавонад боиси аксуламалҳои аллергии ба ҳаёт хатарнок гардад, магасҳо бошанд интиқолдиҳандагони эҳтимолии бемориҳои гуногуни сироятӣ мебошанд. Аз ҷойҳое, ки ҳашарот ҷамъ мешавад – кӯлмак дар гирду атроф ё ҳавлӣ (ҳавзҳо, фаввораҳо), боғҳои гулдор, компост, қуттиҳои партов ва контейнерҳо канорагирӣ кунед. Мунтазам партовҳоро аз контейнерҳо партоед ва кӯлчаҳои атрофи хонаро нобуд созед. Барои худро аз газидани ҳашарот муҳофизат кардан боз чӣ кор карда метавонед:
- Дар роҳ эҳтиёт бошед – ҳашарот аз тирезаҳои кушода ба воситаи нақлиёт даромада, ба ронанда ва мусофирон зарар расонида метавонад.
- Дар тирезаҳо ва дарҳое, ки ба кӯча/айвон мебароянд, тӯрпардаҳои муҳофизатӣ насб кунед ва ҳолати онҳоро мунтазам тафтиш кунед.
- Лонаҳои ҳашаротро дарёфт ва хориҷ кунед (ҳатман ба кӯмаки мутахассис муроҷиат намоед), махсусан дар наздикии ҷойҳое, ки кӯдакон бозӣ мекунанд.
- Инчунин ҳашароти мурдаро нест кунед. Неши онҳо бо вучуди ҳаракат накардани ҳашарот ҳанӯз хавфнок аст.
- Пойафзоли кӯдаконаро дуруст интихоб кунед. Пойафзолҳои пӯшидаеро интихоб кунед, ки аз газидани ҳашарот беҳтар муҳофизат мекунанд, ба ҷои он ки бо пои луч роҳ рафтан ё пӯшидани пойафзоли болояш кушодаро иҷозат диҳед.
- Ба кӯдакон либоси мувофиқ пӯшонед. Рангҳои дурахшон ҳашаротро ба худ ҷалб мекунанд, рангҳои сафед, сабз ва қаҳваранги равшан бошад онҳоро дур мекунанд.
- Аз косметика ва маводҳои нигоҳубини шахсии дорои бӯи баланд истифода набаред.
- Баъзе хӯрока ва нӯшокиҳо ҳашаротро ҷалб мекунанд. Шириниҳо, яхмос, меваҳо, нӯшокиҳои ширин ва тарбуз танҳо чанд намунаи ғизои ҳашаротро ҷалбкунанда мебошанд. Онҳоро дар ҳавои кушод истеъмол накунед ва болои хӯрокаро пӯшонед.
- Ба фарзандатон, агар ӯ бо ҳашароти хатарнок дучор шавад, чӣ гуна рафтор карданро ёд диҳед. Агар дар наздикӣ ҳашароти хавфнок мавҷуд бошад, онро дур карданӣ нашавед, дастонатонро алвонҷ надиҳед, кӯшиши онро задан накунед, нагурезед, вале оҳиста-оҳиста аз он ҷой дур шавед.
- Кӯдаконро аз магасҳо муҳофизат кунед. Остину эзорҳои дароз, ҷӯроби дароз ва кулоҳ ҳангоми фаъолнокии магасҳо (бегоҳӣ) бештар муҳофизат мекунанд.
Агар фарзанди шумо ягон бор ба газидани ҳашарот аксуламали аллергӣ дошта бошад, ба духтур муроҷиат кунед, нақшаи мубориза бо газидани такрориро таҳия кунед ва ба ҳар касе, ки кӯдакро нигоҳубин мекунад ё муваққатан барои ӯ масъул аст (хешовандон, мураббияҳо ё муаллимони мактаб ва ғайра) оиди ин маълумот диҳед.