Чӣ тавр хунравиро аз ҷои ҷароҳат қатъ кардан мумкин аст

Хунравӣ метавонад дар натиҷаи ҷароҳатҳои гуногун (дар натиҷаи буридан, афтидан, инчунин садамаҳои нақлиётӣ) рух диҳад. Роҳи боздоштани хунравӣ аз хусусияти ҷароҳат вобаста аст ва чораҳои дуруст дар чунин вазъият аҳамияти иловагӣ пайдо мекунанд, зеро оқибатҳои эҳтимолӣ барои саломатӣ аз онҳо вобастаанд.
Body
Захми рӯякӣ
  • Ҷои зарардидаро барои тоза кардани чирк бо оби равон ва собун шӯед.
  • Монед то захм хушк шавад.
Хунравии кам
  • Баъди шустани захм ба он докаи стерилизатсияшударо мондан кифоя аст.
  • Агар шумо докаи стерилизатсияшуда надошта бошед, аз матои тоза истифода баред ва онро бо лентаи часпак (лекопластырь) маҳкам кунед.
Хунравии зиёд
  • Хунравиро қатъ кунед. Барои ин ҷои хунравро фишурда, докаи стерилизатсияшударо ба захм гузоред, ва сахт пахш накарда ҷойи хунравиро муддате нигоҳ доред.
  • Қисми баданро, ки хунравӣ дорад, баланд кунед, то ҷараёни хун ба он кам шавад.
  • Докаи стерилизатсияшударо бо бинти (агар мавҷуд бошад) ба дока печонидашуда маҳкам кунед.
  • Агар бинед, ки хун аз дока ва бинт ҷорӣ мешавад, онҳоро нагиред; ба ҷои ин, бо илова кардани дока ба ҷои хунравӣ сахттар зер кунед.
  • Пас аз 5-10 дақиқа тафтиш кунед, ки хунравӣ қатъ шудааст ё не.
  • Агар хунравӣ қатъ нашуда бошад ва ё канораҳои захм дур шуда бошад, ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
  • То расидан ба муассисаи тиббӣ пайваста захмро фишор диҳед.
  • Агар шумо бинед, ки ин қисми бадан кабуд ё хунук мешавад, фишорро сабук кунед.
Хунравии хеле вазнин:
  • Ҷароҳатро мувофиқи дар боло зикршуда маҳкам намоед ва фавран ёрии таъҷилии тиббиро даъват кунед (103).
  • Ҳангоми интизории мошини ёрии таъҷилӣ, захмро маҳкам доред ва ҳамон қисми баданро баланд бардоред.
  • Агар шумо бинед, ки ин қисми бадан кабуд ё хунук мешавад, фишорро сабук кунед.
  • Ҳолати кӯдакро назорат намоед, бо ӯ сӯҳбат кунед ва ӯро ором кунед.
Чиро кардан мумкин нест:
  • Ҳеҷ гоҳ ягон ашёро аз захм нагиред, зеро хунравӣ метавонад зиёд шавад!
  • Ба захм чизе нагузоред!
  • Ҷароҳати хунравии шадидро нашӯед!