Чӣ тавр пешгирӣ кардани гулӯгиршавӣ
Гулӯгиршавӣ дар натиҷаи фурӯ бурдани ашёи бегона бештар дар синни аз як то панҷсола рух медиҳад. Тадқиқоти фаъолонаи муҳит, ки кӯдакон метавонанд ба даҳони худ ашёи хурд (қисмҳои бозича, тугмаҳо ва ғ.) гузоранд ё беэҳтиётӣ ҳангоми хӯрокхӯрӣ, хӯрокҳои сахт (чормағз) ё хӯрокҳои мулоими нокифоя резашуда (ангур, нон, ҳасиб ва ғ.) сабабҳои маъмулии гулӯгиршавӣ мебошанд.
Body
Чӣ тавр кӯдаки худро аз гулӯгиршавӣ муҳофизат кардан мумкин аст:
- Ҳангоми хӯрокхӯрӣ ё бозӣ кӯдакон бояд ҳамеша таҳти назорат қарор гиранд.
- Ба кӯдакони то чорсола хӯрокеро, ки боиси гулӯгиршавии кӯдак мегардад надиҳед. Махсусан порчахои хурду сахти хӯрок – чормағз, попкорн ва кандҳои сахт хавфноканд.
- Кӯдаконро ба хӯрокхӯрӣ дар сари дастархон ташвиқ кунед ва ба онҳо иҷозат надиҳед, ки ҳангоми хӯрокхӯрӣ даванд ё бозӣ кунанд.
- Тӯбҳо ва дигар бозичаҳо барои кӯдакони навзод бояд аз тӯби тенниси рӯи миз калонтар бошанд.
- Ба кӯдакони хурдсол иҷозат надиҳед, ки бо бозичаҳои хурд ё қисмҳои хурди онҳо бозӣ кунанд, онҳо метавонанд гулӯгир шаванд.
- Ба кӯдакони калонтар ёд диҳед, ки бозичаҳои дорои қисмҳои хурдро дар ҷои дастнораси хоҳару бародарони хурдӣ нигоҳ доранд.
- Ҳама бастаҳои пластикӣ ва халтаҳоро аз дастрасии кӯдакон ва махсусан аз ҷои хоби онҳо дур нигоҳ доред.
- Бозичаҳои шикастаро ба партов партоед ва боварӣ ҳосил кунед, ки дар рӯи фарш ё ҷои дастрас ягон ашёи хурд, ба монанди тугмаҳо, марҷон, тангаҳо, сӯзанак ва сангчаҳо мавҷуд нестанд.
- Аз капюшон ё гиребони ҳамаи либосҳои кӯдакона бандакчаҳоро бурида гиред.
- Кӯдаконро ташвиқ кунед, ки пеш аз бозӣ дар майдончаи бозӣ кулоҳҳои дучарха ё занҷирро аз гарданашон гиранд.
- Дар гаҳвора ё катча ашёи мулоим ё бозичаҳои мулоимро нигоҳ надоред, махсусан чизҳои дорои тасмача ё қисмҳои хурд.
- Кӯдаки худро дар пушташ хоб кунонед ва дар шикамаш бозӣ кунонед.
- Ресмонҳои жалюзи ва пардаҳоро кӯтоҳ кунед, то кӯдакони хурдсол ба онҳо даст нарасонанд ва гаҳвора ё катчаро аз пардаҳо дур ҷойгир кунед. Барои гаҳвора ё катча тӯрпардаҳо, пардаҳо ва ороишҳои овезон истифода набаред ва кӯдакро дар пушташ хобонед.
- Гаҳвора ё катча бояд дар ҳолати хуб бошад. Кӯдакон бояд дар катчаҳои худ хоб кунанд.
- Ҳайвонот, махсусан гурбаҳоро аз хобгоҳҳое, ки кӯдакони навзод ва кӯдакони хурдсол хоб мекунанд, дур нигоҳ доред.