Ин чиз дар куҷост? Хай-хай!
Маводҳои зарурӣ: Якчанд ашёҳои хурд ва бозичаҳо.
Шумо ҳамроҳ чӣ кор карда метавонед: Дар ин синну сол фарзанди Шумо, он чизеро, ки дар назар дорад, тариқи дастон –имову ишора баён намуданро ёд мегирад.
Шумо пай бурда метавонед, ки фарзанди Шумо ин корро ба анҷом мерасонад. Шумо метавонед вақтро хурсандона бо бозӣ гузаронед, то ин ки фарзандатонро барои истифодаи ишора моил намоед. Дар аввал ба кӯдак ашёи на он қадар калон ё бозича нишон диҳед. Ба ӯ гӯед:”Ана лухтаки ту. Вай куҷо шуд?” (Лухтакро ба ҷойе гузоред, ки барои фарзандатон дастнорас бошад). Ба лухтак ишора карда гӯед: “Ана ин!” Мушоҳида намоед, оё фарзанди Шумо ба лухтак ишора мекунад! Баъд лӯхтакро ба ҷояш баргардонеду и ин корро боз такрор намоед, то он даме, ки ба фарзанди Шумо ин амал шавқовар шавад. Шумо метавонед, боз як чизи дигарро илова намуда гуед “Ба лухтакат "Хай, хай!” гуй ва дастатро афшон. Ба фарзандатон дастафшондан кӯмак намоед: “Хай, хай лӯхтак!”.
Вақте, ки фарзанди Шумо имову ишораҳоро мустақилона истифода мебарад (масалан ӯ метавонад ба ягон хӯроки тайёркардаатон ишора кунад), Шумо метавонед, ба ӯ гӯед: “Бале, ту бананро мебинӣ!” Шумо нишон медиҳед, ки муоширати фарзандатонро мефаҳмед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Имову ишора муҳим аст, аз ин рӯ истифодаи онҳо қисми рушди забон ва муоширати фарзанди Шумост. Кӯдак инчунин мефаҳмад, вақте ки ӯ кӯшиши муошират карданро мекунад, Шумо ба ӯ ҷавоб медиҳед. Ин ба сӯҳбати бармаҳал монанд аст.