Ҷои беҳтарини лагадкӯбӣ дар куҷост?

Маводҳои зарурӣ: Як ё якчанд тӯб (агар тӯб надошта бошед, метавонед онҳоро аз коғази ғиҷим ё ҷуробҳои печонда тайёр кунед); Қуттии картони аз тӯбҳо калонтар; Ҳадафҳои дигаре, ки фарзанди Шумо метавонад бо тӯб бизанад (масалан, чӯб).

Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Фарзанди худро ба бозӣ даъват кунед: “Ту метавонӣ тӯбро бо поят занӣ? Хуб! Ҳоло биё як чизи душвортарро санҷем. Оё ту метавонӣ дар ин ҷо истода, тӯбро ба ин қуттӣ зада дохил кунӣ? (қуттӣ дар паҳлу бо нӯги кушода ба сӯи кӯдак гардонда мешавад). Танҳо пойҳои худро истифода бар, на дастонатро. Бори дигар такрор кун, ин осон нест! Шояд ту наздиктар мешавӣ." Пешниҳодҳои Шумо аз малака ва таваҷҷӯҳи фарзандатон вобастаанд. Шумо метавонед вазифаро мураккаб кунед: «Ҳоло биё чизи дигареро санҷем. Оё ту метавонӣ дар ин ҷо истода, тӯбро лагад занӣ, то ин ки он ба чӯб бархӯрад? Ваҳ, зарбаи сахт! "

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Фарзанди Шумо акнун малакаҳои нисбатан пешрафтаи ҷисмониро инкишоф медиҳад. Чунин машқҳо ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки ҳаракатҳои худро идора кунад. Фарзанди Шумо инчунин малакаҳои тафаккурии худро инкишоф медиҳад, зеро ба нақша мегирад, ки то чӣ андоза ба тӯп зарбаи сахт занад лозим аст,  ё ин ки кадом кунҷ беҳтар аст, ки тӯп дар қуттӣ шавад.