Ҷосус

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!   

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Бигзор кӯдакон якҷоя нишинанд. Як бозингар яке аз ашёҳои атрофро дар дил тахмин мекунад, ки бояд ба ҳама бозингарон намоён бошад. Дар баробари ин мегӯяд: «Ман ҷосуси хапу дам. Ман ба як ашё ҷосусӣ мекунам - ёбед, ки он кадом ашё аст." Ҷосус метавонад ба бозингарони дигар танҳо як ишора - шумораи ҳарфҳои номи ашёро диҳад. Агар онҳо таслим шаванд ва номи ашёи тахминшударо ёфта натавонанд, бозингар номи онро мегӯяд ва боз ягон ашёи дигарро тахмин мекунад. Агар яке аз бозингарон номи ашёи тахминшударо ёбад, вай ҷосус мешавад.

Доно ва зирак бошед ва ҳар дафъа ашёҳое, ки дар паҳлӯҳои гуногуни бозингарон ҷойгиранд, дар дил тахмин кунед - ин бозингарони дигарро ба нағзтар фикр кардан водор месозад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ҷосус - як бозии олӣ барои базмҳои кӯдакона, сайругашт ва саёҳат мебошад. Аз кӯдакон талаб карда мешавад, ки муҳити атрофро бодиққат таҳқиқ кунанд ва диққатро ҷалб намоянд, ва ин инчунин ба онҳо кӯмак мекунад, ки чӣ гуна навиштани калимаҳои гуногунро дар хотир дошта бошанд!