Ҷудоӣ ва тасаллӣ
Ба шумо чӣ лозим мешавад: Маводҳое, ки фарзанди шуморо одатан тасаллӣ мебахшад.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар ин синну сол вақте, ки волидайн ё дигар шахсе, ки кӯдакро нигоҳубин менамояд, ӯро муддате дар ягон ҷой монад, масалан муддати якчанд дақиқа аз хона барояд, як чанд соат ӯро дар хонаи ҳамсоя гузорад, ҳангоми дар ҷойи кор будан ба боғчаи кӯдакона барад, кӯдак хеле ғамгин мешавад. Ғамгин шудани кӯдак – ҳолати муқаррарист. Ин нишон медиҳад, ки кӯдак то чӣ андоза ба Шумо дилбастагӣ дорад. Кӯдак шуморо мешиносад ва аз Шумо вобаста аст. Вазифаи Шумо ором кардани кӯдак ва боварӣ ҳосил намудан ба он, ки ӯ ба ҳама он чизе, ки ҳангоми ҷудошавӣ аз Шумо ба вай кӯмак карда метавонад, дорад.
Ба ҷои гурехтан, бо фарзанди худ меҳрубонона сӯҳбат кунед ва фаҳмонед, ки Шумо ба зудӣ бармегардед ва ӯро нигоҳубин мекунед. Кӯдак метавонад калимаҳоро нафаҳмад, аммо оҳанги ором ва меҳрубони Шуморо мешунавад. Бисёр кӯдакон аз кӯрпаи дӯстдошта, бозичаи пуршуда ё ашёи дигар тасаллӣ меёбанд. Реҷаи маъмулии ҳаррӯза (шиша ё хоб кардан дар ҷойи шинос ва ғайра) низ кӯмак мекунад. Боварӣ ҳосил кунед, ки шахсе, ки фарзандатонро нигоҳубин мекунад, медонад, чӣ тавр кӯдакро ҳангоми хашмгин шуданаш ором кунад.
Мутмаин бошед, ки ин аксуламал ба ҷудошавӣ бо мурури замон камтар шиддат меёбад ва эҳтимолан пурра аз байн меравад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин қадамҳои муҳим дар рушди эҳсосотии кӯдак мебошад. Тавассути таҷрибаҳои тадриҷии ҷудошавӣ, кӯдак мефаҳмад, ки Шумо ҳамеша бармегардед (амнияти эҳсосотӣ) ва тасаллӣ метавонад аз одамони дигар ва таҷрибаҳо ба даст ояд (стратегияҳои мубориза). Кӯдаки Шумо метавонад дар тӯли чандин моҳ аз ҷудоӣ ғамгин шавад, аммо бо мурури замон эҳсосот ва малакаҳои тафаккури ӯ ба имкон медиҳанд, ки дар идоракунии ин гузаришҳо ба муваффақиятҳои калон ноил гардад.