Ҷумларо тамом кардан
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи хуш!
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Бо навбат ҷумлаҳоро фикр карда як ё якчанд калимаи онро нагӯед, то ки дигарон онро пурра кунанд. Масалан, « гурбаи______ хост_____ хӯрад». Барои он, ки бозӣ каме шавқовартар гузарад, кӯшиши сохтани ҷумлаҳои пайдарпайро накарда, танҳо ҷумлаҳои кӯтоҳ ва хотирмон созед, то ки барои ҳама шавқовар ва хурсандибахш бошанд!
Кӯшиш намоед, ки усулҳои шавқовари оғоз намудани ҷумлаҳоро фикр кунед, то ки он дорои ягон калима оид ба шахси амалкунанда бошад. Масалан, метавонед калимаҳои “Ногаҳон” ва “То он даме, ки” истифода баред.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Дар ин бозии гурӯҳии шавқовар кӯдакон бо калимаҳо – феълҳо, исмҳо, сифатҳо ва зарфҳо сайр мекунанд. Калимаҳои хотирмон ҳудуд надоранд – ин бозӣ бемуҳобот бо хандаву хурсандӣ мегузарад!