Чун парранда парида ҳама чизро мебинем

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Бозичаҳои рангоранг, расмҳо, ашёҳои дурахшанда ва садо диҳанда.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пеш аз оғоз кардан, маводеро, ки Шумо истифода мебаред, омода кунед, ба монанди бозичаҳои ранга, кортҳо бо расмҳо ё ашёҳои рангоранг, ки садо медиҳанд. Шумо метавонед ашёҳоро дар ҷойҳои гуногун дар ҳуҷра ҷойгир кунед, то ҷойҳои алоҳида барои бозӣ созед.

Акнун кӯдакро ба рӯи даст гирифта, бигӯед, ки ҳоло бозӣ мекунед, ӯро бӯсед.

Кӯдаки худро рӯй ба поён нигоҳ доред, ҳангоми ин кор сар, гардан ва бадани ӯро нағз нигоҳ доред. Оҳиста-оҳиста дар ҳуҷра қадам занед ва ҳама чизеро, ки кӯдак дида метавонад, номбар кунед ва бо нармӣ бо кӯдак гап занед.

Пас аз чанд дақиқа амалро такрор кунед, аммо ин дафъа кӯдак бо чашмони худ ҷойҳои бозӣ ё ашёро дар фарш ҷустуҷӯ мекунад. Диққати кӯдакро ба ашёҳои гуногун ҷалб кунед, нишон диҳед, номбар кунед.

Бигзор кӯдак боз дам гирад, ӯро таъриф кунед. Шумо метавонед ин машқро ду ё се маротиба такрор кунед, дар байни ҳар як такрор танаффус кунед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозии шавқовар ба рушди биноӣ, диққатнокӣ, мувозинат ва ҳисси бехатарӣ ва мухофизатӣ кӯмак мекунад.