Ҷустуҷӯи ашёҳои пинҳоншуда

Ба шумо чӣ лозим мешавад: Якчанд бозичаҳои мулоим ё ашёҳои хона, ки барои кӯдак ҷолиб ва бехатар бошанд.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Кӯдакро ба шикам, гилем ё дигар ҳамвории маҳин гузоред. Тавре шинед, ки рӯйи кӯдакро дида бехатарии ӯро назорат карда тавонед. Якчанд бозичаро аз як тарафи (чап ё рост) кӯдак гузоред, ки он дастнорас бошад, лекин дар пеши чашмаш бошад.

То оне, ки кӯдак онҳоро пай мебарад, ё ин ки Шумо диққати  ӯро бо оҳанги тааҷубовар ҷалб менамоед, (метавонед чунин гӯед: “Аааа, мо дар ин ҷой чӣ дорем?!”) интизор шавед. Интизор шавед, то ин ки ӯ  ба яке аз ашёҳо дасташро дароз намояд. Агар фарзандатон мустақилона ин корро иҷро намудан кӯшиш накунад, ба ӯ кӯмак намоед, ки аз шикам ба тахтапуш тоб хурда ба ашё даст дароз карда тавонад. Ӯро бо овози ифтихоромез ё ин ки табассум руҳбаланд кунед. Вақте, ки шавқмандиаш гум мешавад, ба дигар тараф нигоҳ мекунад ё норозигӣ баён мекунад- ҳамаи ин амалҳоро бо дигар ашёҳо аз тарафи дигар такрор намоед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Кӯдаки Шумо имкон дорад, ки ашёҳоро таҳқиқ намояд, ба воситаи ба онҳо нигоҳ намудан, аз як даст ба дасти дигар гирифтан, расидан, ба даҳон гузоштан.