Ҷустуҷӯи калимаҳо: омӯзиши хондан ва навиштан барои кӯдакони синни аз 2 то 5 сола
Ҷустуҷӯи калима: Чаро ин як машқи хуб барои хондан ва навиштан аст
Фаъолиятҳои ҳаррӯза, аз қабили рафтан ба дӯконҳои маҳаллӣ як роҳи ҷолиб барои рушди малакаҳои хониш дар фарзанди Шумо мебошанд. Инро дар хона анҷом додан мумкин аст, агар Шумо имкони зуд-зуд ба берун рафтан надошта бошед. Ин фаъолиятҳои хондан ва навиштан аз Шумо сарф кардани пули иловагӣ ё вақти иловагӣ талаб намекунанд.
Масалан, ҷустуҷӯи калимаҳо як машқи оддӣ барои омӯзиши хондан ва навиштан мебошад.
Барои бозӣ чӣ лозим аст: омӯзиши хондан ва навиштан дар вақти харид кардан ё дар хона будан
Ба Шумо ягон ашёи махсус лозим нест. Танҳо дар атрофи худ калимаҳоро ҷуста дар бораи онҳо бо кӯдаки худ гӯед.
Чӣ гуна калима кофтан лозим аст: машғулият барои омӯзиши хондану навиштан
- Агар Шумо нақшаи харид кардани хӯроквориро дошта бошед, якҷоя рӯйхати харидро тартиб диҳед. Агар кӯдак ба қадри кофӣ калон бошад, ӯ метавонад рӯйхати хариди худашро нависад. Ё ӯ вонамуд мекунад, ки рўйхат навишта истодааст ва дар рӯи коғаз расмҳо мекашад.
- Бо овози баланд дар бораи он чизе, ки Шумо хариданӣ ҳастед, аз он ҷумла ҳар гуна хӯроке, ки ба фарзандатон маъқул аст, муҳокима кунед. Масалан: «Биё ширро ба руйхат дохил мекунем. Шир бо ҳарфи "Ш" оғоз мешавад. “Шиииир". Ҳатто агар Шумо кӯдаки худро бо худ ба мағоза набаред, ҳам ин амалро анҷом диҳед.
- Агар фарзандатон бо Шумо ба харид равад, ба онҳо калимаҳоро дар лавҳаҳо ва тамғакоғазҳои ғизоӣ нишон диҳед. Ба фарзандатон нишон диҳед, ки чӣ гуна рӯйхатро истифода барад, то ӯ чизҳои харидании худро фаромӯш накунад. Бигзор кӯдак кӯмак кунад – рӯйхате лавозимотеро, ки Шумо аллакай гирифтаед, ӯ хат занад.
- Вақте ки Шумо дар хона ҳастед, бо фарзандатон ба рафҳои ошхона нигоҳ кунед. Ба қуттиҳои хӯрокворӣ ва бастабандӣ нигариста калимаҳоеро ҷустуҷӯ кунед, ки Шумо гуфта метавонед. Бисёре аз бастаҳо тасвирҳое доранд, ки метавонанд ҳамчун кӯмакрасон хидмат кунанд. Вобаста ба синну соли кӯдаки Шумо, ӯро даъват кунед, ки баъзе калимаҳо ё ҳарфҳоро номбар кунад. Фарзандатонро гӯед тахмин кунад, ки калима чӣ маъно дорад – ба ҳарфи аввали ашё нигариста баъд ба расми он нигоҳ кунад.Бубинед, ки оё фарзанди Шумо метавонад чизеро пайдо кунад, ки бо ҳарфи аввали номи худи ӯ оғоз мешавад.
Чӣ гуна машғулиятҳоро оид ба омӯзиши хондан ва навиштан дар кӯдакони сину соли гуногун тағйир додан лозим аст
Эҳтимол, кӯдаки хурдсоли Шумо ҳарфҳоро нашиносад, аммо ӯ метавонанд бо истифода аз калимаҳо ва садоҳо хурсандона бозӣ кунад. Масалан, Шумо метавонед бигӯед "Б-бананҳо. Ба мо банан лозим аст." Ашёҳоро бардоред, то кӯдаконатон онҳоро дида тавонанд ва боварӣ ҳосил кунед, ки ҳангоми сухан гуфтанаш ӯ Шуморо пайравӣ мекунад. Инчунин аз ӯ хоҳиш кунед, то кӯшиш кунад, ки садоҳоро талаффуз карда ё калимаҳоро бигӯяд.
Дар кӯдаки калонтар шинохтани ҳарфҳо ва аломатҳо беҳтар ба даст меояд. Вай ҳатто метавонад чизеро хонад. Бубинед, ки фарзанди Шумо метавонад ба Шумо бо хондани ном дар тамғакоғаз бигӯяд, ки ин чист. Шумо метавонед тамғакоғазро бодиққат аз назар гузаронед ва ба кӯдак нишон диҳед, ки дар куҷо таркиби онро ё кишваре, ки маҳсулот дар он ҷо истеҳсол шудааст, хондан мумкин аст.