Циферблат

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Кӯрпаи мулоим ё сачоқ; бозичаҳои гуногунандоза.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пеш аз оғози, ҷойи бароҳат омода кунед.

Дар рӯи фарш кӯрпа ё сачоқ гузоред ва бозичаҳоро дар шакли давра ҷойгир кунед. Кӯдаки худро ба шикамаш дар маркази доира хобонед ва ба ӯ имконият диҳед, ки ҳар як бозичаи дар он доира бударо омӯзад.

Агар барои дар болои кӯрпа гавак кашиданн ба кӯдакатон кӯмак лозим бошад, метавонед ба ӯ кӯмак кунед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозӣ ба кӯдаки Шумо имкон медиҳад, ки ба объектҳои атрофаш нигоҳ кунад ва онҳоро омӯзад.