Дандонбарории кӯдакон
Дар бештари кӯдакон дандонҳои аввалин дар синни 6 то 10 моҳагӣ мебароянд. Шумо метавонед бо додани ягон ашёи хунук барои газидан ё маҳс кардани милки дандонҳои ӯ, ноҷурии ҳолати ӯро бартараф намоед.
Body
Афзоиши дандонҳои ширӣ
- Дандонҳо дар милки худ дар мавриди дар дохили батни модар будани тифл афзоиш меёбанд.
- Бештари кӯдакон дандонҳои аввалини худро аз синни 6 то 10 моҳагӣ мебароранд, вале дандонҳо метавонанд пештар, ҳатто дар вақти таваллуд шудан ё дертар, яъне пас аз 1 солагӣ бароянд.
- Дандонҳо бо тартиби муайян мебароянд, ки на ҳамеша онҳо якхела ҳастанд.
- Одатан дар аввал дандонҳои мобайнии поён, баъд миёнаи боло ва сипас дандонҳои паҳлӯӣ мебароянд. Дар охири соли аввали ҳаёт одатан 6 дандон мебарояд.
- Дар охири соли сеюми ҳаёт кӯдак соҳиби 20 дандони ширӣ мешавад.
Дандонбарорӣ
- Дар мавриди дандонбарорӣ кӯдакон инҷиқ мешаванд. Дар ин давра ба онҳо газидану хоидани ягон чиз ва маҳс кардани милки дандонҳо маъқул буда, дар ҷои баромадани дандон сурхӣ ва варамнокӣ дида мешавад.
- Рафтори баъзе кӯдакон дар мавриди дандонбарорӣ дигаргун намешавад, вале дар бештари кӯдакон волидайн тағйирёбии табъашонро мушоҳида мекунанд: онҳо бештар гиря мекунанд ё инҷиқӣ мекунанд, нағз хӯрок намехӯранд, оби даҳонаш зиёд ҷудо мешавад, нағз хоб намеравад, чизе ки ба дасташ меафтад мегазад, аз ҷумла: бозичаҳо, дандонхилол, бештар пистонак мехоҳанд, тез уребчаашро ифлос мекунад.
- Ин тағйиротҳо – ҷузъи инкишфи кӯдаки Шумо буда, дар баъзе мавридҳо оид ба ҷой доштани каме сироятёбӣ хабар медиҳанд.
- Агар кӯдаки Шумо худро бад ҳис кунад ва махсусан агар ҳароратбаландиву шикамравӣ ҷой дошта дигар аломатҳои беморӣ дида шавад, пас ба табиби оилави/педиатр муроҷиат намоед.
Дар мавриди дандонбарорӣ чӣ бояд кард
Шумо ба кӯдакатон ёрӣ мерасонед, агар:
- бо чӯткаи нарм (дандонадор не) ё ангушт оҳиста маҳс кунед.
- ягон ашё, бозича ё дандонхилоли хунуки каме дар яхдон нигоҳдошташударо ба ӯ диҳед.
- хӯроки шавламонанде диҳед, ки зарурияти хоиданаш набошад.