Дар боло чӣ мебинед?

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Матои болопӯш ё рӯйпӯш барои печондани кӯдак; пуфак ё ки бозича овезонкардашудаи кӯдакон; шаклҳо аз коғази ранга ва скотч.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Вақте ки фарзанди Шумо хеле хурд аст, Шумо бояд ҳар лаҳзаро барои ҳавасманд кардани ӯ ва рушди малакаҳои ӯ истифода баред. Ин дафъа ба кӯдаки худ дар рушди малакаҳои ҳаракаткунӣ кӯмак хоҳед кард.

Шумо метавонед пуфак, бозичаи овезон ё шаклҳои коғазии рангаро дар боло, дар ҷое ки  кӯдаки худро мепӯшонед, овезед. Ашё бояд дар масофаи чунон овезон бошад, ки Шумо ба ӯ расед, аммо ба кӯдак дастрас набошад.

Агар кӯдак аз ду моҳ камтар бошад, беҳтар аст, ки ашёро дар масофаи 30 см байни кӯдак ва бозичаи овезон бошад. Агар кӯдакатон калонтар бошад, метавонед масофаи то 90 см риоя кунед.

Вақти иваз кардани диққати кӯдакро ба ашёи овезон ҷалб куне два муддате мушоҳида кунед. Пуфак, бозича ё шаклҳоро овезон кунед ва аксуламали кӯдакатонро мушоҳида намоед.

Кӯдаки Шумо мафтун хоҳад шуд ва эҳтимол аст, кӯшиш мекунад, ки ба бозича дасташро дароз кунад. Бигзор кӯшиш кунад ва ӯро барои кӯшишаш аҳсан гӯед.

Пас аз иваз кардани уребча, кӯдакро бардоред ва ба ашё наздик кунед. Бигзор кӯдакатон ашёро бо дастонаш расад ва онро аз паҳлӯҳои гуногун нигарад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ин машқ, фарзанди шумо мушакҳои гардан, сар, бадан ва дастҳояшро мустаҳкам мекунад, то дар вақти муносиб фаро расидан ба ӯ барои гавак кашидан ва роҳ рафтан кӯмак кунад. Ҳамчунин биноиши кӯдак, мутамарказгардонӣ ва эҷодкории ӯро бармеангезад.