Дар ҷустуҷӯи ганҷ!
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ҷувздони бозичадор, ашё ё шириниҳо.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Дар кӯча мавзееро интихоб намоед, ки дар он ҷо минтақаи хурди пинҳонкунӣ - дарахтон, буттаҳо, роҳҳо ва растаниҳои гулдонӣ зиёд бошанд. Сарҳадҳои қаламраверо, ки дар он ҷустуҷӯи ганҷ ҷараён мегирад, қайд кунед.
Агар Шумо бо як гурӯҳи кӯдакон бозӣ карда истода бошед, роҳи шавқоварро барои интихоби шахси аввалин фикр карда бароед. Бозингари интихобшуда ду дақиқа вақт дорад, ки ганҷро дар халта дароварда пинҳон кунад. Бозингарони боқимонда бояд чашмҳо ва гӯшҳои худро пӯшанд - фиреб надиҳанд!
Кофтуковкунандагони ганҷ бояд халтаро тафтиш карда бубинанд, ки кадом ганҷ гум шудааст ва ба ҷустуҷӯи он бояд раванд! Шумо метавонед қоида муқаррар кунед - бозингаре, ки ганҷро пинҳон карда буд, метавонад як, ду ё се суханҳои ёрирасон гӯяд.
Шахсе, ки ганҷро ёфт, бояд ашёи навбатиро аз халта бароварда пинҳон кунад. Бозӣ бо ин тартиб то холӣ шудани халтаи ганҷ идома меёбад.
Барои фароғатбахш гардидани бозӣ либоси масхарабозиро илова кунед - бигзор кӯдакон ҳамчун роҳзанҳо либос мепӯшанд ва ганҷро ҷустуҷӯ намоянд!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ҷустуҷӯи ганҷҳо як роҳи хуби шинос намудани олами атроф кӯдакон мебошад. Он на танҳо шавқовар аст, балки ба рушди малакаҳои маърифатӣ ва мотории кӯдакон кӯмак карда онҳоро ба кунҷковӣ ташвиқ мекунад. Ғайр аз ин, бозии мазкурро ба синну соли кӯдакон мутобиқ кардан осон мебошад.